Нашрияи Омӯзгор

Зебоӣ нишотбахш аст

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Ҳикмати «Зебоӣ ҷаҳонро наҷот мебахшад» хеле машҳур аст. Дар ҳақиқат, зебоӣ неруи бузургу тавоност ва илова бар ин, мафтункунандаю дилрабо низ мебошад. Илми махсусе ба омӯзишу тавсифи зебоию зебоипарастӣ машғул аст, ки онро эстетика меноманд.

Эстетика маънои эҳсосоту ҳиссиёту гуворою рӯҳбахшро дорад. Дар мактабҳо як самти тарбияро ҳамчун тарбияи эстетикӣ ном мебаранд, ки бо унвони тарбияи  зебоипарастӣ низ маълум аст. Ин намуди тарбия хонандагонро ба дарки дурусти воқеият, саҳеҳ фаҳмидани санъат, мусиқӣ, муносибатҳои иҷтимоии одамон, инкишофи диди бадеӣ, муҳаббат парваридан ба адабиёт даъват ва раҳнамоӣ мекунад.

Тарбияи эстетикӣ таваҷҷуҳи хонандагонро ба зебоӣ ва ҳифзу парастиши он ҳидоят мекунад, дар ниҳоди онҳо нисбат ба ҳусни диёр, рангрезиҳои табиат меҳри самимӣ пайдо менамояд. Мафҳумҳои тарбияи зебоипарастӣ ва тарбияи бадеӣ аз ҳамдигар тафовут доранд, вале дар айни замон байни ҳам пайвандашон ҳамешагист ва ҳамдигарро такмил мебахшанд. Тарбияи зебоипарастӣ на танҳо ба воситаи намудҳои санъат, балки тавассути зиндагию фаъолияти меҳнатӣ, таъсири мутақобилаи одамон ва қобилияти дарки зебоӣ низ тақвият меёбад. Тарбияи зебоипарастӣ дар хонандагон ба василаи машғулиятҳои ҳаррӯзаашон дар мактаб амалӣ карда мешавад. Дар ҳар як дарс метавон ба рушди тарбияи зебоипарастии шогирдон мусоидат кард. Бояд бар он кӯшид, ки хонандагон моҳияту аҳамияти зебоӣ ва зебоипарастиро хуб дарк кунанд. Онҳо бояд донанд, ки ҳар як амали шахс, рафтору гуфтораш, нишастухез, либоспӯшӣ, муносибаташ бо дигарон ифодагари зебоӣ бошад. Риояи тозагӣ дар мактаб, дар синф, дар хона ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ ба ҳисси зебоипарастии шахс иртибот дорад. Хонандае, ки зебоипараст аст, ашёи мактабиашро низ тозаю озода нигоҳ медорад ва ба дурустии ҳар амалу ҳар суханаш эътибор медиҳад. Дарки зебоӣ қобилияти донишандӯзӣ ва масъулиятмандии хонандагонро низ рушд мебахшад. Тарбияи зебоипарастӣ бо нафосату назокат низ ҳамбаста аст.

Оне, ки ҳисси зебоипарастии баланд дорад, асари бадеӣ, суруду мусиқиро хуб дарк мекунад ва аз тамошои расмҳову манзараҳои гуногун лаззат мебарад, болидатабъ мешавад. Таҷлили ҷашнҳо дар мактаб ба таҳкими ҳисси зебоипарастии хонандагон мусоидат мекунад…

Муҳити моро зебоиҳои зиёде фаро гирифтаанд ва ба мо мунтазам таъсир мерасонанд. Барои инро дарку эҳсос намудан ба хонандагон тарбияи эстетикӣ (зебоипарастӣ) мадад мерасонад.

 

Фарзона Ғафурова,

омӯзгори забони русӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш