Нашрияи Омӯзгор

Асарҳои устод безаволанд

Сана: 2018-05-23        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Вақте сухан дар бораи устод Айнӣ меравад, калимаи «аввалин»-ро бояд илова кард. Оре, ҳамин «аввалин» бисёр истифода мешавад.

Дар адабиёти муосири тоҷик эҷоди аввалин шеър, аввалин ҳикоя, қисса, аввалин роман ба қалами устод С. Айнӣ тааллуқ дорад.

Замонҳо дигар мешаванд, ҷомеа шакл иваз мекунад, фаҳмишҳову андешаҳо тағйир меёбанд, аммо воқеияти асари бадеӣ метавонад дар ҳар давру замон так-рор ёбад.

Масъалаи муҳоҷирати одамон аз як минтақа ба минтақаи дигар ҳамеша вуҷуд дошт ва дар қиссаи «Одина» С.Айнӣ маҳз ҳамин мавзӯъро матраҳ сохтааст. Дар замони мо низ наметавон гуфт, ки мавзӯи «Одина» куҳна шудааст ва воқеияти он дигар ба дарди хонанда намехӯрад. Аз охири солҳои 80-уми қарни бист то ба ҳол ҳазорон ҷавони тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Мушкилоти зиёде дар кишвари бегона сари онҳо меояд, аз қабили дар шароити душвор умр ба сар бурдан, аз тарафи ниҳодҳои қудратӣ мавриди фишор қарор гардидан, ба бемориҳо гирифтор гаштан ва монанди инҳо. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки мавзӯи қиссаи «Одина» имрӯзҳо низ дархӯри замон аст.

Нахустромани адабиёти муосири тоҷик «Дохунда» мебошад. Устод С. Айнӣ ин асарро тайи солҳои 1927-1929 таълиф кардааст. Устод воқеияти босмачигариро дар минтақаҳое рӯйи тасвир оварда, ки онҷо РАСС Тоҷикистон ташкил гардидааст. Ҳамагон шоҳидем, ки дар охири садаи бист ҳамин навъ ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сар зад. Ин ҷанг то ҷое ба ҳамон ҷанги шаҳрвандии солҳои бистум ва сиюм шабеҳ буд.

Ҳамин гуна муосирияти мавзӯъ ва қаҳрамон дар дигар асарҳои устод С. Айнӣ, аз қабили «Ғуломон», «Марги судхӯр» низ дида мешавад.

 

Умарбек ШАРИФОВ,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби № 13,

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш