Нашрияи Омӯзгор

Бионика рушд меёбад

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Ҷои баҳсу шубҳа нест, ки тамоми фанҳо барои омӯзиш моҳиятан заруранд ва омӯзиши  асосҳои ҳар як фан имконоти инсонро дар зиндагӣ ва дар фаъолият  бештар мекунад, боиси комёбиҳои ӯ мегардад.

Ҳамаи фанҳо дар ҳолати рушд қарор доранд ва дар заминаи пажӯҳишҳову кашфиёту бозёфтҳо пеш мераванд. Илми биология низ бо ҳамин гуна ҷараён ҳамбаста аст. Солҳои охир вобаста ба фаъолияти бавусъати олимони соҳа илми биология шохаҳову самтҳои нав пайдо кард ва як силсила бахшҳояш пурмуҳтавотар шуданд. Аз ҷумла, шохаи илме бо номи бионика, ҳарчанд дар асри гузашта устувор шуда бошад ҳам, дар даврони мо бештар пешрав шуд. Аслан, бионика ҳамчун як бахши кибернетика шинохта мешавад, вале иртиботи он бо илми биология қавию ҳамешагист. Бионика (решаи ин калима «био» ҳаёт гуфтан аст) имконоти истифодаи сохту фаъолияти организми зиндаро меомӯзад. Асосгузори бионика, рассоми маъруф ва донишманди  тавоно Леонардо да Винчи мебошад. Ӯ дар замонаш аввалин маротиба дар таърих барои сохтани дастгоҳе, ки бояд чун паранда пару бол мезад, кӯшиш намуд. Ба вуҷуд  омадани бионика барои омӯзиши нисбатан пурраи умумияти сохту вазифаҳои организмҳои зинда ва техника замина фароҳам овард. Инчунин, маълумоти пешниҳоднамудаи бионика барои ба вуҷуд овардани асбобу олот, механизм ва ашёи нав имкон дастрас намуд. Соли 1960 дар ИМА симпозиуми байналмилалӣ оид ба бионика баргузор гардид. Бояд зикр кард, ки дар рафти таҳаввулоти мавҷудоти биологӣ дар онҳо узву бофтаҳои созгор ба вуҷуд омаданд. Андозаи он узвҳо ниҳоят хурд ва барои истифодаи ҷонварон қулай мебошанд. Аз ин сабаб афзудани талабот ба бузургиҳои системаҳои техникӣ (дақиқӣ, устуворӣ, каммасрафӣ…) зарурати ба сифати «намуна» истифода бурдани организми ҳайвонот ва набототро ба миён овард. Вазифаи бионика аз омӯзиши амалиёти биологӣ дар организми мавҷудоти зинда (масалан, барои сохтани таҷҳизоти техникӣ, ҳалли масоили муҳандисӣ) иборат аст. Албатта, барои дар соҳаи техника истифода бурдани имконоти ҷонварон қаблан омӯхтани кори  ин ё он узв, дарёфти усулҳои тасвири математикӣ ва моделонии математикии амалиёте, ки дар онҳо мегузарад, зарур аст. Бионикаро, ҳамчунин, барои ҳалли масоили дигар, чун сохтани таҷҳизоти дарёгарди хурд, асбобҳои дарккунанда барои дарёфти ахбор, сохтани олоти хурди электрикӣ, асбобе, ки энергияи кимиёӣ ва биокимиёиро ба энергияи механикӣ табдил медиҳанд, сохтани баъзе таҷҳизоти биоэлектрикӣ (чун протезҳо) мавриди истифода қарор медиҳанд. Доираи муҳаққиқону корбарони бионика хеле васеъ аст; муҳандисон, табибон, физиологҳо, психологҳо, математикҳо, физикҳо, кимиёдонҳо…

Бешубҳа, дар оянда илми бионика боз ҳам рушд ёфта, барои беҳдошти ҳаёти одамон хизмат хоҳад кард.

Гулғунча Акимбекова,

омӯзгори биология


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш