Нашрияи Омӯзгор

Адиби шуҳратёр ва осори мондагор

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Дар даврони Шӯравӣ дар тамоми мактабҳои ҷумҳуриамон фанни адабиёти рус омӯхта мешуд. Ҳоло танҳо забони русӣ чун фанни алоҳидаи таълимӣ мавриди омӯзиш қарор дорад, вале ин, аслан, маънои қатъи назар кардан аз адабиёти русро надорад.

Намояндагони ин адабиёти муҳташам ва осори онҳоро зимни дарсҳои забони русӣ ба хонандагон муаррифӣ бинмудан аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. Умуман, адабиёти ҳар халқе махсусиятҳои худро дорад ва шахс ҳар қадар аз осори бадеии халқҳои ҷаҳон огаҳӣ дошта бошад, ҳамон қадар бурд хоҳад карду доираи имконоту донишҳояш хоҳад афзуд.

Адабиёти рус адибонеро ба олами адабиёт пешкаш кардааст, ки имрӯз адабиёти ҷаҳонро бидуни эҷодиёти онҳо наметавон тасаввур кард. Шуҳрату эътирофи ҷаҳонии Пушкину Лермонтов, Гоголу Чехов, Тургеневу Некрасов, махсусан, Толстой ва Достоевский ба ҳамагон маълум аст. Зимни дарсҳои забони русӣ бояд аз онҳо ёдовар шуду аз мазмуну муҳтавои осорашон  нақл кард ва пораҳоеро аз навиштаҳояшон ба риштаи таҳрир кашид. Ном ва осори адиби номвари рус Фёдор Михайлович Достоевский солиёни зиёдест дар олами адаб ҷойгоҳи махсус ишғол кардааст. Ин нависандаи беназир дар асри 19 зиста, асарҳои безавол ва хеле барҷаста эҷод бинмудааст. Зиндагии Ф.М.Достоевский пур аз мухолифату ҳодисаҳои гуногун будааст. Ӯро ҳатто барои баъзе ҷанбаҳои фаъолияти баҳри зимомдорони замон номатлубаш ба маҳбас мекашанд ва ба кори иҷбории чорсола дар ҳайати артиш маҳкум менамоянд. Ҳамчунин, дар зиндагӣ ва эҷоди адиб мухолифатҳои ғоявии ӯ бо мунаққиди маъруф В.Г.Белинский бетаъсир намондааст. Достоевский новобаста аз шебу фарози зиндагиаш ҳаргиз аз эҷоди бадеӣ даст намекашид ва асар аз пайи асари дигар меофарид.

Соли 1859 дар Санкт-Петербург бо бародараш моҳномаҳои «Время» ва «Эпоха»-ро таъсис дод. Романи «Озурдагон ва таҳқиршудагон» дар «Время» ба табъ расид. Соли 1862 Достоевский ба Олмон, Фаронса, Англия, Италия ва Австрия сафар карда, дар фарҷом очерки машҳураш «Хотироти зимистонии таассуроти тобистонӣ»-ро эҷод ва интишор намуд.

Дар эҷодиёти Достоевский, махсусан, ду романаш «Қиморбоз» ва «Ҷиноят ва ҷазо» нақши муҳим доранд. Дар романи аввалӣ ба масоили умдаи замон-нақши манфури сармоя (пул) дар ҷомеа ва дар мавзеъҳои ҳамбаста ба макру фиребу найранг (аз ҷумла, қиморхонаҳо) таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Адиб нисбат ба ҳама гуна аъмоли ношоистаи иддае аз ашхоси бадфеъли замонаш садои эътироз баланд кардааст. Романи «Ҷиноят ва ҷазо», ки дар он масоили  иҷтимоию идеологии замони адиб аз назари фалсафию динӣ матраҳ гардидааст, равияи тозае дар адабиёти рус ба миён овард ва шуҳрати муаллифашро боз ҳам афзуд.

Романи «Бародарон Карамазовҳо» қуллаи эҷодиёти Ф.Достаевский дониста мешавад ва асари хеле навоваронаву фарогири ангезаҳои мазҳабӣ мебошад…

Чунонки  гуфтем,  шуҳрати адабии ин нависандаи барҷаста ба эътирофи бештар пайдо кардани забони русӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат кардааст.

Маҳмадулло Ҷӯрабеков,

омӯзгори забони русии мактаби

№2-и ноҳияи Сангвор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш