Нашрияи Омӯзгор

Афсонаҳо тарбиятгаранд

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Дар синфҳои ибтидоӣ жанрҳои адабӣ ва хусусиятҳои онҳо омӯхта намешаванд, вале офаридаҳои гуногуни адабӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Маълум, ки таълиму тарбияро дар зинаи аввали таҳсилот бе истифода аз шеъру ҳикоят, зарбулмасалу мақол, ҳикмату чистон ва афсонаву ривоят наметавон бомуваффақият ба роҳ монд. Дар ин миён ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ, махсусан, афсона хеле мақбул аст. Ба афсона аксари хонандагон ҳанӯз то ба мактаб омадан хӯ мегиранд, шиносоӣ пайдо мекунанд ва ба он самимона меҳр мебанданд. Зеро афсона ҳам аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва ҳам аз нигоҳи забону истифодаи санъатҳои бадеӣ барои хурдтаракон мувофиқу мақбул аст. Муҳтавои афсона бо ҷаҳони орзуву андеша ва ба ҷанбаҳои психологии дунёи кӯдакон созгор мебошад. Афсонаро онҳо бо шавқ ва бо майли тамом гӯш мекунанд, қаҳрамонҳои онро меписанданд ва ба дунёи орзуву андешаву ҳавасҳо ғарқ мешаванд. Бештар аз ҳама дар хонандагон маҳз афсонаҳо таваҷҷуҳ ба хислатҳои ҳамидаи далерию шуҷоат, мардонагию дӯстию рафоқат ва ҷасорату матонатро бедор мекунанд. Як хусусияти муҳими афсонаҳо ин аст, ки дар онҳо ҳамеша некӣ ба бадӣ ғолиб меояд, дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат тантана мекунад, ки ин ба рӯҳияи кӯдакон таъсири амиқ мегузорад.

Бисёр адибони маъруфи ҷаҳон дар хотироти худ таъкид кардаанд, ки онҳоро маҳз афсона ба ҷаҳони адабиёт кашидаву дар ниҳодашон ҳисси муҳаббат ба эҷоди бадеиро парваридааст. Модарону модаркалонҳое, ки дар афсонагӯӣ моҳиру қодиранд, фарзандонро ба ояндаи нек омода месозанд. Масалан, адиби бузурги рус М.Горкий дар ёддоштҳояш зикр кардааст, ки барои нависанда шудани ман афсонаҳое, ки аз модаркалонам шунидам, нақши асосӣ гузоштанд.

Афсона дар байни халқи тоҷик, дар эҷодиёти мардумии тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Аксари модарону падарони мо дар афсонагӯӣ моҳиру соҳибистеъдоданд.

Метавон гуфт, ки афсонаҳои ширину гуворо ва ҳикматбори «Бузаки ҷингилапо», «Кайкак ва канаяк», «Бибигамбӯсак», «Гург ва рӯбоҳ», «Гунҷишкаки гапнодаро», «Лаку Пак», «Салимпаҳлавон», «Подшоҳ ва духтари оҳангар» ва монанди инҳоро ҳар як фарзанди тоҷик борҳо шунидаву лаззати маънавӣ бардоштааст.

Афсонаҳоро дар синфҳои ибтидоӣ ба хонандагон зимни баъзе лаҳзаҳои дарсҳо, ҳангоми дарсҳои илова ва тарбиявӣ, дар вақти суҳбату танаффусҳо нақл метавон кард. дар ҷараёни дарси забони тоҷикӣ вобаста ба мазмуни афсонаҳо ва мавзӯи дарс метавон ҷумлаҳо тартиб дода, таҳлил кард.

 

Хубсултон ФАҚИРОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш