Нашрияи Омӯзгор

Масъулияти роҳбари синф бештар аст

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Роҳбари синф дӯсти наздики хонанда, ҳамдам ва ҳамнафаси ӯст. Шахсест, ки ҳар рӯз бо талабагон вомехӯрад ва аз саломатии онҳо пурсон мешавад, ба онҳо дониши нав медиҳад ва аз таъсири муҳити беруна ва бегона муҳофизат мекунад, супоришҳои наву ҳадафмандона медиҳад.

Ба ахлоқ, ақида, рӯҳия ва инкишофи ҳаматарафаи онҳо таъсири бевосита мерасонад. Роҳбари синфи соҳибтаҷриба ҳар ҳафта мувофиқи нақша бо хонандагони синфи худ дар бораи ҷамъбасти ҳафта, хониш, иштирок дар дарсҳо, дар корҳои ҷамъиятӣ, одобу ахлоқ, рафтор ва муносибати онҳо бо омӯзгорон суҳбат ороста, аз он хулосаи  мушаххас бароварда, дар ҳафтаи нав назди хонандагони худ вазифагузорӣ менамояд. Бояд зикр намуд, ки кори тарбиявиро танҳо роҳбари синф бурда наметавонад, ӯ корро бояд тавре ба роҳ монад, ки талаботи ягонаи педагогӣ ба вуҷуд оварад, саъю кӯшиши тамоми хонандагон ба ноил шудан бо мақсади ягонаи пешрафти умумӣ равона карда шавад. Роҳбари синф бояд дар соати якуми тарбиявӣ ҳамаи хонандагони худро бо иҷрои вазифаи ҷамъиятӣ сафарбар кунад ва дар машғулиятҳои оянда дар бораи иҷрои вазифа, муваффақият ва камбудиҳо ҳисоботи онҳоро  шунида, дар назди  хонандагон вазифа гузорад. Роҳбари синф бояд барои пешравии кори худ бо созмони талабагӣ, коллективи омӯзгороне, ки ба он синф дарс медиҳанд, алоқа дошта бошад ва дар бораи хонандагони худ аз онҳо маълумот гирад. Роҳбари синф барои тарбияи насли  наврас бо падару модарони хонандагон робита дошта, онҳоро ба машғулиятҳои тарбиявӣ даъват кунад. Ҳар як роҳбари синф ҳангоми гузаронидани соати тарбиявӣ волидайни беҳтарин, собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни Ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ ва дигар шахсонро бояд даъват кунад. Хонандагон аз гуфтору рафтори онҳо хулоса бароварда, дар оянда барои беҳтар кардани рафтори худ саъю талош намоянд. Роҳбари синф донишу фаҳмиш ва майлу хоҳиши шогирдонро ба назар гирифта, дар ниҳоди онҳо нисбат ба илму техника меҳру муҳаббат пайдо намуда, вазифадор аст, ки дар интихоби касбу ҳунар кумак расонад. Омӯхтани ахлоқ ва хислатҳои суботкорӣ, босабрӣ ва бодиққатиро талаб намояд. Ба вуҷуди он, ҳанӯз роҳбарони синф дар ташкил ва иҷрои корҳои тарбиявӣ мушкилӣ мекашанд.

 

З.Шарифов,

мушовири литсейи касбии

техникии нефт ва гази

шаҳри Исфара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш