Нашрияи Омӯзгор

Забондонӣ тавоноист

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Забономӯзӣ дар айёми мо, воқеан ҳам, аҳамияти махсус пайдо кардааст ва ин бисёр хушоянд аст, ки ҷавонону наврасон ҳар чӣ бештар ба омӯхтани забонҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Ривоҷи забономӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд омил ҳамбастагӣ дорад. Омили нахустин он бувад, ки акнун кишвари маҳбуби мо соҳибистиқлол аст ва бо тамоми мамлакатҳои олам муносибати бевоситаи сиёсиву иқтисодию иҷтимоӣ барқарор кардааст. Дар ин ҳолат эҳтиёҷ ба мутахассисони забондон пайваста меафзояд, зеро дар робитаҳои байниҳамдигарӣ донистани забони тарафайн нақши муҳим мебозад. Дигар ин ки акнун барои ҷавонони ҷумҳурӣ имкон фароҳам омадааст, ки дар кишварҳои хориҷӣ, дар бонуфузтарин мактабҳои олӣ идомаи таҳсил кунанд ва дар ин ҳолат низ забонҳои муайянеро донистан ҳатмист. Донистани забонҳои бонуфуз, ҳамчунин, ба ҳар шахс шароити созгоре ба миён меорад, ки аз адабиёти гуногунсоҳа, аз китобхонаҳои электронии байналмилалӣ бавусъат истифода намояд.

Бештари донишҳои ҷаҳонӣ дар адабиёт бо паҳншудатарину маъруфтарин забонҳои олам ҳифз шудаанд. Забони русӣ аз ҳамин гуна забонҳост. Он яке аз шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Ба ин, аз ҷумла, узви ИДМ будани Тоҷикистон, муносибатҳои неку устувор бо Федератсияи Россия ва рӯзафзун гардидани ҷараёни муҳоҷирати меҳнатии тоҷикон ба ин кишвар мусоидат кардааст.

Ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» ба тасвиб расида буд, ки минбаъд ба раванди омӯзиши ин забонҳо, аз ҷумла, забони русӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Ҳамчунин, дар ҷумҳурии мо бо мақсади омӯзиши бавусъати забони русӣ барномаи махсус қабул гардидааст. Дар ин замина, забони русӣ дар тамоми мактабҳои мамлакат шурӯъ аз синфи дуюм омӯхта мешавад. Илова бар ин, дар кишвар мактабҳое низ фаъолият доранд, ки дар онҳо таҳсил пурра ба забони русист. Тибқи шартномаи байнидавлатии Тоҷикистону Россия дар давоми ду соли таҳсили охир ба кишвари мо аз Россия гурӯҳе аз омӯзгорон – мутахассисони забони русӣ барои кор дар мактабҳо ҳозир шуданд ва фаъолияти пурсамар доранд.

Бояд гуфт, ки эътибори забони русӣ дар арсаи байналмилалӣ сол то сол меафзояд. Аз соли 2011 инҷониб дар як қатор мамлакатҳои олам 6-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони русӣ таҷлил мешавад. Ин сана зодрӯзи шоири шаҳири рус А.С.Пушкин мебошад. Ӯ, барҳақ, дар баробари хидмати мондагор ба адабиёти рус баҳри инкишофу маъруфияти забони русӣ хидматҳои арзишманд кардааст. Бешубҳа, ин забони ғановатманд дар оянда боз ҳам бонуфузтару фарогиртар хоҳад шуд.

Заррина ҚОДИРОВА,

омӯзгори забони русии

мактаби №93-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш