Нашрияи Омӯзгор

Адибон муаррифи миллатанд

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Ҳар як омӯзгор мекӯшад, ки шогирдонаш нисбат ба фанне, ки ӯ дарс медиҳад (адабиёт, таърих, биология, варзиш…), ҳар чӣ бештар маълумот дошта бошанд, ба омӯзиши фаъолонаи ин фан бикӯшанд.

Маълум, ки омӯзгор худ фанни таълим медодаашро дӯст медорад ва аз ин рӯ, мехоҳад, ки хонандагон низ нисбат ба ин фан камтаваҷҷуҳ набошанд. Ман ба шогирдон аз фанни забони англисӣ дарс медиҳам ва дар оғози аксари дарсҳоям ба аҳли синф сухане чанд оид ба моҳияту аҳамияти омӯхтану донистани ин забони муқтадир ва паҳншудатарини ҷаҳони муосир мегӯям. Аз  гуфтаҳои бузургон дар бораи ин забон мисолҳо меорам. Дар  ситоиши он пораҳои шеърӣ мегӯям. Воситаи дигари тарғиби забони англисӣ ба хонандагон ба таври мухтасар ва таъсирбахш нақл кардан дар бораи бузургони англис, аз ҷумла,  шоиру нависандагони маъруфе мебошад, ки бо ин забон эҷод кардаву осори безаволу мондагор офаридаанд. Нависандаи бузургу тавоно Чарлз Диккенс дар қатори ҳамин гуна  адибон  қарор дорад. Ӯ дар асри XIX зиндагӣ ва эҷод бинмудаву адабиёти бадеии англисиро ба пояҳои баланд бардоштааст. Ин адиби номвар асосан бо худомӯзӣ савод баровардаву нахуст дар мақомоти судӣ ба сифати коргузор фаъолият доштааст. Соли 1832 гузоришгари парлумонӣ ва хабарнигори нашрияи нуфузманди «Морнинг Кроникл» буд. Китоби нахустини Ч.Диккенс «Очеркҳои шаҳри Боз» (1936) лавҳаҳоеро аз ҳаёти сокинони Лондон дар бар мегирифт ва заминагузори бисёр романҳояш шуд. Ч.Диккенсро асари хеле ҷолибаш «Ёддоштҳои баъдимаргии клуби Пиквик» дар саросари олам шуҳратёр кард. Қаҳрамони асари мазкур Пиквик ҳамроҳ  бо дӯстонаш ба омӯхтани инсонҳову одобу русуми онҳо машғул мешавад ва маълумоти аҷибу фаровоне гирд меоварад. Дӯстони ӯ ҳама накукоранд ва аз ҳама гуна шуғлҳои номатлуб дурӣ меҷӯянд. Паҳлуҳои тарбиявии ин асари адиби тавоно таъсири амиқ ба хонандагон мегузоранд. Чанд асари дигари Ч.Диккенсро номбар мекунем: «Саргузашти Оливер Твист», «Зиндагии Николас Никалби», «Қиссаҳои солинавӣ», «Ёддоштҳои Амрико», «Атиқафурӯши қадимӣ», «Зиндагӣ ва моҷароҳои Мартин Ҷезвлит», «Хонаи сард», «Дуррити хурдакак», «Орзуҳои бузург»…

Чанде аз  асарҳои Ч.Диккенс ба забони тоҷикӣ низ тарҷума шудааст. Аз ҷумла, романи ӯ «Саргузашти Оливер Твист» байни хонандагони тоҷик маъруф мебошад.

Умуман, ҳаёт ва эҷодиёти Чарлз Дарвин хеле рангину ибратбахш буда, шоистаи омӯзиши бавусъат аст.

Гулнисо Сарабекова,

омӯзгори забони англисӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш