Нашрияи Омӯзгор

Ҳикмати «Баҳористон»

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Бо ҳадафи ҳар чӣ бештар вусъат бахшидани ҷараёни таълиму тарбия ва муассиру ҳадафгир кардани он дар зинаи аввали таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорро лозим меояд, ки аз воситаҳои гуногун мавридшиносонаю пурсамар истифода намояд.

Яке аз ҳамин гуна воситаҳо истифода аз осори ниёгони барумандамон мебошад. Адабиёти классикии тоҷик басо ғановатманду пурмуҳтавост ва хеле хушоянд аст, ки мавзӯи асосии онро панду ҳикмат, тарғиби одоби неку риояи кулли қоидаҳои одаму одамгарӣ ташкил медиҳад. Ман дар дарсҳои худ бо шогирдони хурдсолам илова ба китоби дарсӣ ҳамеша чанд китоби бадеӣ рӯи даст дорам, ки яке аз онҳо «Баҳористон»-и шоири маъруф ва ҳикматсаро Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Шоистаи ёдоварист, ки «Баҳористон»-ро ин адиби бузург соли 1487 дар пайравӣ ба «Гулистон»-и машҳури Саъдии Шерозӣ ҳамчун китоби дарсӣ барои писараш Зиёуддин Юсуф таълиф намудааст.  Он ҳангом писари шоир ҳамагӣ 10-сола будааст ва табиист, ки шоири донишманд дар таълифи китоб хусусиёти  синнусолии фарзанди азизашро ба инобат гирифтааст. Яъне «Баҳористон» маҳз барои хонандагони нисбатан хурдсол офарида шудааст. Аз ин ҷост, ки ҳикояту ҳикмату пораҳои шеърии ин асари пурмазмун хеле саҳеҳу фаҳмрасанд ва ҷанбаи қавии тарбиявӣ доранд. Дар ҳашт равзан  (боб)-и «Баҳористон» сухан ҳам аз зиндагии ибратомӯзи шайхону орифон, ҳам аз андешаву афкори ҳакимони бузург, ҳам аз амалҳои неки подшоҳон, ҳам аз караму накукориҳои гузаштагон, ҳам аз дӯстиву рафоқат ва амсоли инҳо ба  миён омадааст, ки дар ин зимн ҳадафи асосии шоир адабомӯзиву насиҳатгӯист. Дар «Баҳористон» урфу одат ва хулқу хислати тамоми табақаҳои аҳолии асри 15 инъикос гардидааст. Нақлу ҳикоёт дар равзаҳо хеле дилнишину таъсиргузор ва хотирмонанд, хонандаро мафтун мекунанд. Дар «Баҳористон», пеш аз ҳама, инсондӯстӣ ва муносибати неки байниҳамдигарии инсонҳо тарғибу ситоиш мешавад. Муҳим аст, ки Ҷомӣ илму дониш андӯхтан ва соҳиби касбу пешае гардиданро аз ҳама омоли дигар авлотар медонад ва мегӯяд:

Қимати мард на аз симу зар аст,

Қимати мард ба қадри ҳунар

аст.

Дар дарсҳои забону хониш, дар машғулиятҳои тарбиявӣ аз «Баҳористон» истифода кардани омӯзгор амали хеле самарабахш ва манфиатовар дар ҷодаи таълиму тарбияи фарогири шогирдон хоҳад буд.

 

Бибиҷон Ҷумъахонова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш