Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши табиати зинда муҳим аст

Сана: 2018-05-23        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

Дар бахшҳои фанни биология (ботаника, зоология, биологияи  одам ва биологияи умумӣ) объектҳои муайян ва тағйироти мураккаби  табиати зинда омӯхта мешавад, ки бо истифодаи шаклҳои махсуси воситаҳои таълим, масалан,  экскурсия, корҳои лабораторӣ, корҳои беруназсинфӣ, беруназдарсӣ амалӣ гардонида мешаванд.

Барои он ки таълиму тарбияи фанни биология дар муассисаҳои  тахсилоти миёна самараи хуб диҳад, пеш аз ҳама, заминаи моддӣ-таълимии зарурӣ - кабинети ҷиҳозонидаи биология, гӯшаи зиндаи табиат, қитъаи таълимӣ -таҷрибавии назди муассиса лозим аст.

Омӯзиши биология дар таълиму тарбияи комили насли наврас нақши муҳим дорад. Барои аз худ кардани донишҳои биологӣ, фаъолияти бомароми маҳфили “Биологони ҷавон’’ воситаи самарабахш аст.

Омӯзгори биологияро лозим аст, ки оид ба таълими ин фан донишҳои илмию методии фарогир дошта бошад. Мақсад ва вазифаҳои хамаи бахшҳои биологияро пурра донад ва пайваста ба худомӯзӣ машғул шавад.

Асоси омӯзиши биология дар муассисаи таълимӣ  аз инҳо иборат аст:

1.Омӯзиши маълумоти политехникӣ дар рафти таълимӣ биология.

2.Тарбияи гигиенӣ-ҷинсӣ ва санитарии хонандагон.

3.Гузаронидани корҳои тадқиқотӣ.

4.Тарбияи эстетики (зебопарастӣ)-и хонандагон.

5.Муҳаббат ба табиат ва муҳофизати он.

Омӯзиши фанни биология дар мактабҳои  таҳсилоти миёна мувофиқи синну сол ва рушди психологии хонандагон ба роҳ монда шудааст.

Биологияи синфҳои  V-XI давоми омӯзиши бахши табиатшиносӣ буда, он аз таълими ботаника оғоз мегардад.

Омӯзиши ботаника ду соли хониш давом карда, он ба хонандагон имкон медиҳад, ки корҳои тадқиқотию мушоҳидаҳоро дар қитъаи таълимӣ-таҷрибавии назди муассисаи таълимӣ гузаронанд ва ба омӯзиши зоология тайёр шаванд.

Омӯзиши зоология дар синфҳои VII-VIII аз омӯзиши назарияи эволютсионии содатаринҳо сар шуда, бо синфи ширхӯрон ба анҷом мерасад.

Омӯзиши биологияи одам асосҳои  анатомия, физиология ва гигиенаро дар бар мегирад ва хонандагон донишҳои  илмии худро оид ба сохти организм ва функсияи хаётии узвҳояшон мукаммал менамоянд.

Дар синфи X-XI омӯзиши биология ба анҷом мерасад. Таълими биологияи умумӣ омӯзиши қонуниятҳои  асосии ҳаёт, инкишофи фардию таърихии организмҳо, қонуниятҳои  асосии ирсият, тағйирпазирии асосҳои селексия ва биосфераро дар бар мегирад.

Хулоса, тавассути фанни биология ба хонандагон дар асоси мафҳумҳои  асосии биологӣ аз бар кардани ғоя, назария, далелҳои  илмие, ки заминаи ташаккули ҷаҳонбинии илмии онҳо мебошанд, омӯзонида мешавад. Асоси курси биологияро ғояҳои  эволютсияи олами органикӣ, гуногунрангӣ ва тағйирот дар табиат, робитаи мутақобилаи системаи биологӣ, алоқамандии назария бо амалия, сохтори омӯзиши биология ташкил мекунанд.

Раҳмоналӣ НАЗИФОВ,

ҷонишини директори литсейи

Донишкадаи соҳибкорӣ

ва хизмат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш