Нашрияи Омӯзгор

Хонандагонро набояд бо ҳамдигар қиёс кард

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Педагоги машҳури Шӯравӣ В.А.Сухомлинский қайд кардааст: «… хеле муҳим аст, ки баҳои мусбии ҷамъиятии қадру қимати шахсият дар тақдиркунию сарфарозкуниҳо қиёскунии (муқоисакунии) бартарии яке бо камбудиҳои дигаре ифода наёбад.

Чунин баҳодиҳӣ ба ҷои коллективизм мансабпарастии кӯдаконаро тарбия  мекунад». Чунин қиёскуниҳо дар фаъолияти донишомӯзии хонандагон аз тарафи баъзе омӯзгорон низ ба мушоҳида  мерасад. Ба ҳисоб гирифта намешавад, ки хонандагони имрӯза аз хонандагони чанд даҳсолаи пеш аз ҷиҳати ҷаҳонбинӣ фарқ дошта, бо онҳо бо самимият ва дӯстона муносибат намудан лозим меояд. Ба дили хонандагон роҳ ёфтан  лозим аст, ки ҳар як супоришро эҷодкоронаю мустақилона ва ҳавасмандона аз сидқи дил иҷро намоянд, водор намудан лозим аст, ки мушкилоти пешомадаро ҳар як хонанда худаш ҳал намояд.

Аз мушоҳидаҳо маълум мешавад, ки баъзе хонандагон ба серталабӣ на он қадар тобоваранд. Бинобар, бо онҳо бо меҳрубонӣ рафтор намуда,  барои пешрафташон бо суханҳои нек мусоидат намоем. Дар ин сурат шавқмандиашон ба омӯзиш зиёдтар шуда, ҳисси масъулиятшиносиашон дар иҷрои супоришҳо пайдо мешавад.

Чи хеле ки маълум аст, дар давоми соли таҳсил донишомӯзии хонандагон аз фанҳои таълимӣ мунтазам ва ба таври фосилавӣ (рейтингу марҳилаҳо) санҷида мешавад. Баъзе хонандагон на он қадар фаъоланд, донишомӯзиашон суст. Қисме аз омӯзгорон онҳоро танбеҳ дода, сустхон, аз дигарон ақибмонда, бемасъулият, ноуҳдабаро, нодон ва ғайраҳо мегӯянд, бо хонандагони фаъол қиёс (муқоиса) менамоянд. Ин хонандагон дар байни хонандагони фаъол худро забонкӯтоҳ, сархам, таҳқиршуда, ақибмонда меҳисобанд. Ин ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Хонандагони мазкур, ки аз баъзе фанҳо, монанди таълими меҳнат, суруд, санъати тасвирӣ, нақшакашӣ, тарбияи ҷисмонӣ баҳои баланд мегиранд, ва аз ин фанҳо супоришҳоро хубтар ва бодиққаттар иҷро менамоянд. Онҳоро аз ин ҷиҳат дар байни ҳамсинфон бо суханҳои нек рӯҳбаланд намудан лозим аст. Ҳангоми иҷрои супоришҳо, масалан, аз математика ба онҳо «офарин», «боз ҳам диққат деҳ», «аз пештара дида, хеле беҳтар шудаӣ», «пеш аз он ки ба иҷрои супоришҳо машғул шавӣ, аввал ба корҳои синфии ба он монандро аз назар гузарон» гуфтан хеле муассиру гуворо хоҳад буд.

Маҳмадсаид Шодиев,

омӯзгори мактаби

№59, ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш