Нашрияи Омӯзгор

Накукор

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Дар кишвари соҳибистиқлоли мо ба масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла, вазъи камбизоатон, сағирону ятимон, хонаи пиронсолон таваҷҷуҳи махсусу ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад.

Мувофиқан ба ин дар мамлакат садҳо боғчаи бачагонаю сағирахонаҳо мавҷуданд, ки зери сарпарастии давлат фаъолият доранд.

Ширхоргоҳ – кӯдакистони №36-и ноҳияи Шоҳмансурро бонуи хирадманд ва меҳрбону бошафқат Уразой Раҳимова роҳбарӣ мекунад. Ӯ наздик ба 20 сол мешавад, ки ба тарбияи насли наврас машғул аст. Борҳо дар озмуни «Кӯдакистони сол»-и шаҳри Душанбе ширкат варзида, соҳибмукофот гардидааст.

У. Раҳимова баъд аз ба итмом расонидани факултаи методикаи таълим ва психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ фаъ-олияташро бо кӯдакистон пайвас-та, аз мураббии одӣ то ба роҳбари муассиса расидааст.

Атрофи кӯдакистон бо гулу гулбуттаҳои гуногун ороиш дода, деворҳои корхона бо шиору суханҳои ҳикматбор,  пандномаҳои бузургони тоҷик, бо шиору намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ зебу зинат ёфтааст, ки хеле назаррабост.

Аз фаррош то тарбиягирандагону омӯзгорони мусиқӣ ин ҷо нисбат ба ҳар як кӯдак меҳрубону ғамхор буда, бо хурдтаракон модарвор рафтор мекунанд. Дар ин ширхоргоҳ 6 ятими кулл тарбия мегиранд ва онҳо бо нигоҳубини махсус фаро гирифта шудаанд, ки ҳаргиз бекасии худро ҳис намекунанд. Таъмини хӯроки кӯдакон, назорати тиббӣ, сатҳу сифати машғулиятҳо ҳамеша таҳти назорати мудири кӯдакистон қарор дорад.

 Навбатдор ба кулли фаъолияти боғча назорат мебарад. Ин ҷо ҳама шароити коммуналӣ (оби хунук, оби гарм, барқ ва ғайра) муҳайёст.

Фирмаи «Саодат» ба кӯдакистон мунтазам ғизои босифат дастрас менамояд.

Волидайн аз фаъолияти ин даргоҳ ва кормандони он қаноатманданд.

Ш.Ҳамроқулов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш