Нашрияи Омӯзгор

Раиси шаҳр ба мактабиён кумак расонд

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар мактаби №16-и шаҳри Хуҷанд як бинои иловагии синф-хонаҳои таълимӣ ва амалии фанни технология иборат аз 9 синфхона ва майдончаи варзиширо, ки бо маблағгузории ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми беш аз 430 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар синфхонаҳои таълимӣ духтарон мӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, қуроқдӯзӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, гулдӯзӣ, муҳрабофӣ, ҳамзамон, пухтани хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, нону кулчаҳои миллии мардумӣ, шириниҳои гуногунро ёд мегиранд. Барои писарон дар синфхонаҳои алоҳида омӯзиши ҳунарҳои дуредгарию харротӣ, кафшергарӣ бо асбобҳои ёрирасони таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст. Ҳамчунин, раиси шаҳр дар ин муассиса майдончаи варзиширо дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки дӯстдорони варзиш ифтитоҳ намуда, ба маъмурияти таълимгоҳ як қатор таҷҳизоти компютерӣ ва дастгоҳи алафдаравиро тақдим кард.

Нуъмон РАҶАБЗОДА, “Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш