Нашрияи Омӯзгор

Тараннумгари ғояҳои инсондӯстӣ

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Дар адабиёти шӯравии рус нависандагоне ба эҷоди осори пурарзиши бадеӣ машғул гардидаанд, ки бо ғояву муҳтавои баланди инсондӯстона ва тарғиби ҳаёти нав ҷойгоҳи бузурге дар адабиёти олам дарёфтанд.

Дар радифи шоирони инқилобӣ, амсоли Владимир Маяковский, Демян Бедний, Михаил Колтсов, Анна Ахматова, Осип Менделштам, Александр Блок ва дигарон шоири соҳибистеъдоду бомаҳорат, сарояндаи ишқу муҳаббати поки инсонӣ, тасвиргари зиндагии мураккабу пур аз тазоди мардуми заҳматкаши рус, тарғибгари ғояҳои замони нав Сергей Есенин шуҳрату нуфузи барҷастаро соҳиб мебошад. Ин шоири тавоно аз нахустин шеърҳои таълифнамудааш дӯстдору мафтуни табиату манзараҳои дилангезу нотакрори Русияи паҳновар будани худро нишон дода, ҳамчун шоири ватанпарвар шинохта шудааст. Барои вай ватан аз як пора хоку маҳтобе, ки шаб дар осмон нур меафшонад, аз роҳҳои деҳа, гандумзоре, ки тиллоранг асту бо вазидани боди ҷануб мавҷ мезанад, аз аспу аробаи деҳқон, аз дарахтони шабеҳи арӯс зебои тӯси ҷангалӣ иборат буда, вай бо сидқу самимият ин ҳама мавҷудоти дилнишинро ситоишу васф мекунад.

Сергей Есенин ба адабиёти классикии  форсу тоҷик муҳаббат ва таваҷҷуҳи беандоза дошт. Аз ҳамин сабаб, вай ба сафари олам мебарояд. Силсилашеърҳои мондагори ӯ бо номи «Савтҳои форсӣ» ба тавсифу ситоиши зеборухони форс (Шоҳона, Ғолия, Лайло), табиату манзараҳои диёри қадимии тоҷикон ва амсоли инҳо бахшида шудаанд.

 

Сабоҳат Тошбоева,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш