Нашрияи Омӯзгор

Ҳикмати безавол

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

 

Омӯзиши пайвас-таи осори классикони форсу тоҷик, ба хусус, ташкилу баргузории мубоҳисаҳо аз рӯйи мазмуну муҳтавои онҳо дар машғулиятҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳои фаннӣ, шабнишинию викторинаҳои адабӣ дар муассисаҳои таълимӣ аз аҳамият холӣ нест. Ман ҳамасола вобаста ба асарҳои маъруфи ҷаҳон ва асарҳои таърихии Ааҳмади Дониш, романҳои устод С.Айнӣ ва дар ин радиф, асарҳои адибони муосири тоҷик конфронсу мубоҳисаҳо, викторинаю шабнишиниҳои адабӣ баргузор менамоям. Дар меҳвари ин чорабиниҳо шогирдонам қарор мегиранд, ки аз шоирон пораҳои зиёди шеърӣ аз бар мекунанд, аз асарҳои насрӣ ҳикояту пандҳои ахлоқию тарбиявиро қироат намуда, аз рӯйи ин осор саҳначаҳои ҷолибу шавқовар иҷро мекунанд. Яке аз асарҳое, ки дар тарбияи ғоявию ахлоқии насли наврас нақши мондагор дорад, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ мебошад. «Гулистон» бе ҳеҷ шакку шубҳа дар радифи шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон қарор дошта, борҳо бо забонҳои англисӣ, франсавӣ, испанӣ, японӣ, булғорӣ, русӣ ва ғайра тарҷумаву нашр гардидааст. Як қисмати асосии «Гулистон»-ро ҳикмату нукот ташкил медиҳад, ки кӯтоҳ-кӯтоҳ буда, маъниҳои баландро дар бар гирифтааст. Аз ҷумла, «Ҳар кӣ бо бадон нишинад, некӣ набинад», «Олими нопарҳезкор кӯрест машъаладор», «Сухан миёни ду дӯст чунон гӯй, ки агар дӯст гарданд, шарманда нашавӣ», «Бадхӯй дар дасти душмане гирифтор аст, ки ҳар куҷо равад, аз чангу уқубати ӯ халосӣ наёбад», «Ҳар кӣ дар ҳоли тавоноӣ накуӣ накунад, дар вақти нотавонӣ сахтӣ бинад» ва бисёри дигар, ки ҳамаи онҳоро ин ҷо зикр кардан имкон надорад, аз ин қабил маҳсуб меёбанд.

 

Маҳина КОМИЛОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш