Нашрияи Омӯзгор

Машғулиятҳо рангин бошанд

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаҳои томактабӣ ҳангоми гузарондани машғулиятҳо аз усулу методҳои гуногуни таълимӣ истифода намуда, меҳру рағбати тарбиятгирандагонро ба омӯзиш бедор кардан зарур аст.

Ба таъкиди мактабшиносон (Б.Маҷидова, Т.Девоншоева, Л.Имматова, Ш.Котибова), яке аз талаботи муҳими беҳтар намудани сифати таълим дар кӯдакистонҳо дониши мукаммал доштани мураббӣ дар бораи барномаи таълимӣ мувофиқи синну соли кӯдакон мебошад. Дар интихоби мавзӯи машғулиятҳо маводи таълимию аёнии маҳалро истифода намудан ба маврид аст. Дар ин масъала тарбиятгирандагонро бо табиати деҳа (ҷангал, кӯҳҳо, дарёҳо, боғу чарогоҳҳо…), шаҳр (боғи истироҳатӣ, кӯчаю хиёбонҳои гулпӯш, фаввораҳо ва ғайра) ва касбу пешаҳои гуногуни одамон шинос намуда, кунҷковию ҳавасмандкунии онҳоро ташаккул додан муҳим аст. Дар гурӯҳҳои омехтаи кӯдакистонҳо машғулиятҳо бояд дар зергурӯҳҳо ба роҳ монда шаванд. Баргузории машғулиятҳо дар зергурӯҳҳо самти асосии таълим дар гурӯҳҳо ба шумор меравад, зеро танҳо бо ҳамин сабку шева инкишоф додани сатҳи зеҳнию завқи зебоипарастии кӯдакон таъмин  карда мешавад. Ҳангоми муайян намудани мазмуни барномавии машғулиятҳо донишу маҳорати ҳар як  зергурӯҳро бояд дар асоси Стандартҳои инкишоф ва таълим  (чиро медонаду чиро метавонад) ба эътибор гирифт. Дар коркарди нақшаи машғулиятҳо на танҳо азхудкунии мавзӯи нав, такрор ва мустаҳкамкунии он барои тарбиягирандагон пешбинӣ карда мешавад, балки ба мунтазам ва мустақилона истифода бурдани донишу маҳорати кӯдакон тавассути корҳои амалӣ низ кумак расонида мешавад. Дар машғулиятҳои гурӯҳи синну соли якхела як мақсади дидактикӣ дар ҷойи аввал меистад, дар гурӯҳҳои омехта бошад, якбора чанд мақсад гузошта мешавад. Агар барои кӯдакони синни калон расм шинос бошад, барои кӯдакони синни миёнаи  хурд он маводи нав аст. Дар маҷмӯъ, дар системаи умумии таълим бозиҳои дидактикӣ мавқеи калон доранд. Машғулиятҳо агар дар шакли бозиҳои дидактикӣ ташкил ва гузаронида шаванд, ба инкишофи зеҳнии кӯдакон мусоидат менамояд. Ҳамчунин, тамошои филми тасвирӣ ё таълимӣ, ташкил намудани саҳначаҳо дар бораи ҳаёти парандагон барои ҳамаи кӯдакони гурӯҳҳои синнусолӣ, аз ҷумла, омехта ба мақсад мувофиқ аст.

 

Маҳбуба Каримова,

мураббии хонаи кӯдакони №2-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш