Нашрияи Омӯзгор

Замзамаи ваҳдат

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 854        Шарҳ: 0

 

Ваҳдат... ба кишвар менигарем ва бо дилпурию бо ифтихор мегӯем, ки ин мамлакат Тоҷикистони ман ҳасту он Ваҳдатистон гаштааст!

Ваҳдат ҳаст, ки диёр ҳамарӯза сарсабз мегардад, ваҳдат пойдор мебошад, ки кишвар рушд менамояд ва мо, сокинони ин давлат, аз баракати сулҳу ваҳдат ва озодию соҳибистиқлолӣ корҳои созандаи хешро идома медиҳем.

Ваҳдат... аллакай дар қалби соҳибватанон тухми меҳру муҳаббати он самараи нек додаю барзгарони ваҳдат чун соҳибмулкони асил донаи ваҳдатро дар замири ҳамагон корида, ҳосили онро, ки шаҳд аст, ба даст меоранд.

Ваҳдат... бале, меарзад, ки онро ба таври рамзӣ ба замини паҳноваре монанд кард. Ва он ғамхории доимиро тақозо дораду ҳушёриро... ва агар ин замин бе назорат, бе аҳамият ва бе ғамхорӣ монад, ба шӯразоре, ба биёбоне табдил ёбаду гулу гулзорҳо, коридаю киштаҳо хор гарданду беҳосил. Ва дигар кишоварзи он раҳгумзада мегардаду бечора...

Ваҳдат... барои мо аллакай ба ҷон баробар ҳасту бо қимати ҷон онро ба даст овардаем. Охир, боре ин киштзорро бо дасти худ беҳосил кардем-ку?! Охир онро боре қариб аз даст дода будем-ку?! Ва ба кадом ҳолу ҳолат гирифтор шуданамон маълум-ку?! Охир, аз тақдири ба дасти хеш бинвиштаи худ чанд соле азобҳои алим кашидем-ку?! Ва он замон дидаи бино, гӯши шунаво, дили бедор ва ҳақгӯиро аз даст дода будем-ку?! Бале, худ кардему худ сабақ гирифтем!

Ваҳдат... моро ба ҳам овард, моро бори дигар ба худамон шинос кард, ошно намуд, он моро сари дастархони Ваҳдат нишонду ҷомаи ваҳдат ба бар кардем ва оши оштӣ омода намудему ақлу илм ҷойи эҳсосоту ҳаяҷони сохтаро ба маврид гирифт.

Ваҳдат... дигар ҳеҷ гоҳ ба гумроҳӣ, ба бечорагию кӯи саргардонӣ намеафтем. Ин ваҳдати мо бо душворӣ ба даст омаду он ҳама сабақҳои гирифта панде гашт.

 Хушо, ки дар диёри арҷманди мо Ваҳдату сулҳ барқарор аст...

Гулнора Ҳалимова,

омӯзгор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш