Нашрияи Омӯзгор

Саволгузорӣ дар дарс

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Дар замони муосир омӯзгор вазифадор аст, ки ҳангоми баргузории машғулиятҳои худ аз усулу методҳои фаровони таълимӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи донишу азхудкунии мавзӯъҳои дарсӣ ба хонандагон мусоидат мекунанд, истифода намояд. Яке аз ин гуна усули таълимӣ, ки ба мустақилона фикр кардану амал намудани шогирдон такон мебахшад, муносибати босалоҳият ба таълим ба шумор меравад. Бо истифода аз ин шеваи дарсӣ омӯзгор метавонад ба он муваффақ шавад, ки бо фаҳмондану тафсири мавзӯи дарсӣ хонандагонро ба эҷодкорӣ, худфаъолиятӣ ва таҳлилу натиҷагирию баҳо додан ба матни пешниҳодшуда дар синфҳои ибтидоӣ даъват кунад. Омӯзгор  дар дарс нақши ҳидоятгарро иҷро мекунад, аммо ин маънои онро надорад, ки вай умуман ба фикру андешаронӣ ва таҳлилу натиҷагириҳои шогирдон дахл намекарда бошад. Яке аз рохҳои ба фикр водор намудани хонандагон дар синфҳои поёнӣ суолгузории проблемавӣ мебошад. Аз ҷумла, зимни гузаштани мавзӯи «Фаслҳои сол» чунин суолҳоро ба онҳо пешниҳод мекунем:

1. Чаро дар табиат чор фасли сол мавҷуд аст?

2. Фаслҳои сол чӣ тавр ба вуҷуд меоянд?

3. Фаслҳои сол чӣ тавр ба якдигар ҷой иваз мекунанд?

4. Чаро дар зимистон барф меборад?

5. Сабаб чист, ки ранги барф сафед аст?

6. Борон чӣ тавр пайдо мешавад?

Ҳамин гуна, ҳангоми гузаштани мавзӯи «Шаб ва рӯз» суолҳо дода мешавад.

Монанди:

1. Чаро Офтоб шаб нею рӯз мебарояд?

2. Моҳ чӣ тавр оламро равшан мекунад?

3. Чаро як шабонарӯз 24 соат аст?

4. Ситораҳо ба чӣ сабаб «чашмак» мезананд?

Чунин суолгузориҳо дар дарсҳои табиатшиносӣ дар синф чорум, бешак,  хонандаро ба он водор мекунад, ки бештар фикр кунад, қобилияти зеҳнии худро такмил диҳад. Ба ин васила, донишу фаҳмиши онҳо аз нигоҳи мантиқӣ мустаҳкам ва ҷанбаи фикрронияшон тақвият хоҳад ёфт.

Саодат Ёдалиева,

омӯзгори мактаби №1,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш