Нашрияи Омӯзгор

Набояд аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кард!

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

10 сол мешавад, ки омӯзгорам ва дар ин муддат бо хислатҳои гуногуни бачаҳо шинос ҳастам. Бачаҳое, ки дар зинаҳои аввал таҳсил мекунанд, дили софу пок доранд ва бо самимият гӯш ба гуфтаҳои омӯзгорон медиҳанд.

Нияташон фақат хондану пурсидан ва аз худ кардан аст. Албатта, мо, омӯзгорон, низ дар навбати худ кӯшиш мекунем, ки бо ҳар яке аз онҳо суҳбат карда, ба саволҳои додаашон посух диҳем. Дар раванди дарсҳои таълимӣ ва инчунин, соатҳои тарбиявӣ онҳоро ба хислатҳои неки инсонӣ, аз қабили ростқавлӣ, меҳрубонӣ, хештаншиносӣ, фурӯтанӣ, дӯстию вафодорӣ, далерию ҷавонмардӣ ҳидоят менамоем.

Дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзию нисфирӯзӣ низ онҳоро ба донишандӯзӣ талқин менамоем, то ин ки дар оянда ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расанд ва фахри Ватану миллат, падару модар ва омӯзгорону муассисаи таълимии худ гарданд.

Мутаассифона, дар ин ҷода мо - омӯзгоронро бархе аз волидайн ҳамроҳӣ ё худ дастгирӣ намекунанд. Ҳастанд волидоне, ки соли хониш ҷамъбаст мешаваду як бор барои ҳолпурсии фарзандашон ба мактаб намеоянд. Маҷлисҳои падару модар танҳо бо волидоне, ки фарзандонашон одобу ахлоқи ҳамида доранду аъло мехонанд, гузаронида мешаванд. Вақте бо падару модарон тариқи телефонӣ суҳбат намуда, ба маҷлис наомаданашонро пурсон мешавем, баҳона пеш меоранд, ки гӯё фарзандаш ӯро огоҳ накардааст. Агар падару модари азиз як бор рӯзномаи фарзандашро пурсон шуда, варақ мезад, ин баҳонаро пеш намеоварданд.

Синферо чор сол боз роҳбарӣ мекунам. Аз рӯи мушоҳидаҳо танҳо бачаҳое тағйир меёбанд, ки волидайн нисбаташон бепарвоӣ мекунанд. Яъне аз бепарвоии волидайн бачаҳои хубу аълохон оҳиста-оҳиста хулқу атворашон дигар шуда, ба бачаҳои сустхон табдил меёбанд. Бинобар ин, хуб мешуд, ки падару модарон робитаи худро ба мактабу омӯзгорон ва роҳбари синф бештар мекарданд. Чунонки гуфтаанд: “Садо аз ду даст меояд”. Кӯдакон низ аз чунин муносибат бомасъулият мешаванд. Зеро Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” волидонро вазифадор менамояд, ки дар тарбияи фарзанд ҳамаи чораҳои заруриро андешанд. Набояд аз тарбияи фарзанд канораҷӯйӣ кунанд.

Сумбулой МИРЗОШОЕВА,

омӯзгори мактаби №48,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш