Ҳангоми омӯзиши мавзӯъҳои таълимӣ аз фанни табиатшиносӣ дар синфи 4 ба ҷанбаи муқоисавии онҳо бо дастоварду дигаргуниҳо ва комёбиҳои илмии замони муосир бояд таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуд.
Аз ин хотир, ман дар вақти фаҳмондани ҷузъиёти мавзӯъҳои нав ба таври ҳатмӣ онро ба замони ҳозира муқоиса менамоям ва бад-ин васила, дониши хонандагонро мукаммалтар менамоям. Аз ҷумла, дар дарси «Аҳамияти об дар табиат. Хосиятҳои об. Истифодаи об» дар иртибот бо иқдому ташаббусҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ анҷом додаанд, ба тафсил маълумот дода, диққати шогирдонро ба он равона месозам, ки Сарвари давлатамон баҳри ҳифзи ин сарвати бебаҳо талошҳои зиёде менамоянд. Маълум аст, ки об дар табиат дар се ҳолат мавҷуд аст: моеъ, сахт ва буғ (газ). Дар ҳолати моеъ оби тоза шаффоф, бебуй ва ҷоришаванда буда, дар худаш бисёр моддаҳоро ҳал мекунад, яъне, об хосияти ҳалкунандагӣ дорад. Вақте ҳарорат аз 0 0С паст мефарояд, об аз ҳолати моеъ ба ҳолати сахтӣ мегузарад (барф, ях, жола). Дар ҳарорати 100С об меҷӯшад. Ҳангоми ҷӯшидани об мо буғро мушоҳида мекунем, яъне об ба ҳолати газмонанд мегузарад. Ба хонандагон бо додани донишҳои ибтидоӣ дар бораи ҳолати об дар табиат, ҳамчунин, дар хусуси истифодаи ин сарвати бебаҳо дар зиндагии ҳамарӯза ва истеҳсолот маълумот медиҳам. Бузургтарин аҳамияти истифодаи об дар саноат он аст, ки тавассути он неруи барқ истеҳсол карда мешавад. Дар Тоҷикистон НБО-и Норак, Сангтӯда-1, Сангтӯда -2 ба истеҳсоли неруи барқ барои аҳолӣ хидмат расонда, чархаи якуми НБО-и Роғун бошад, моҳи ноябри соли ҷорӣ ба кор дароварда хоҳад шуд. Зимни тафсиру тавзеҳи мавзӯъ аз супоришҳои тестӣ, ки дар китоб оварда шудааст, истифода мекунам.
Дар охири ҳар мавзӯъ бобҳои «Аҳамияти табиатшиносӣ», «Дар хотир нигоҳ доред!», «Худро санҷед», «Супоришҳои тестӣ», «Оё шумо медонед?» ҷой дода шудааст, ки бисёр ҷолиб ва таваҷҷуҳбарангез мебошанд.
Соҳиба ДАВЛАТШОЕВА,
омӯзгори гимназияи №2, ноҳияи Шоҳмансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр