Нашрияи Омӯзгор

Роғун: вазъи ногувори кӯдакистон

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Кӯдакистоне, ки дар маркази шаҳри Роғун ҷой гирифтааст, ҳанӯз замони Шӯравӣ бунёд ва бо тамоми шароити зарурӣ таъмин гардида буд.

Вале имрӯз  муассисаи  мазкур ҳоли харобе дошта, ба  талабот ҷавобгӯ нест. Мудири кӯдакистон Мавҷуда Муслимоваро дар дафтари корияш пайдо намуда, ҳамроҳ бо вазъи ҳуҷраҳо, ҷойи хоб ва будубоши тарбиятгирандагон шинос шудем. Дарҳо вайрону шикаста, деворҳо фарсудаву рехтаи боғча умуман, солҳои охир рӯйи таъмирро надидааст. Ба замми ин, масолеҳи сохтмониеро, ки барои тармиму азнавсозии муассиса оварда буданд, ба яғмо бурдаанд. Дар хусуси дару тирезаҳои шикаста, деворҳои фарсуда ва дар умум, вазъи ногувори кӯдакистон аз мудири шуъбаи маорифи шаҳри Роғун Сангалӣ Шоев пурсон гардидем. Мавсуф чун ҳамеша изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик кӯдакистон пурра аз таъмир бароварда мешавад. Афсӯс. Мудир аз вақте ки ба ин вазифа таъйин гардидааст, ҳамин ваъдаро сармашқи кори худ намуда, ҳатто мушаххас гуфта наметавонад, ки масолеҳи сохтмонии барои таъмиру навсозӣ овардаро, ки дар як канори боғча мехобид, бо фармони кӣ, ба куҷо бурдаанд? Инак, зимистон расидааст ва дар мекӯбад, дар ҳуҷраҳои сарду дару тирезаҳояшон шикаставу деворҳояшон аз ҳам рехта ҳоли тарбиятгирандагони кӯдакистон чӣ мешуда бошад?

 

Ҳокими Сафар,

шаҳри Роғун


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш