Нашрияи Омӯзгор

Мубориза бо коррупсия – мароми мо

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Дар шароити имрӯза бояд тамоми омӯзгорон ва мардуми Тоҷикистон дар баробари аз худ кардани беҳтарин арзишҳои ҷомеаи башарӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ манфиатҳои миллии хешро дуруст дарк ва ҳимоя намоянд.

Дар бораи мушкилоти глобалӣ сухан ронда, муҳиммияти масъалаҳои мубориза бар зидди коррупсияро зикр кардан низ бамаврид аст.

Коррупсия дар ҷаҳон зуҳуроти нав нест ва он умри ҳазорсолаҳо дорад.

Ин падидаи номатлуб дар соҳаи илму маорифи кишварамон низ мушоҳида мешавад.

Мубориза бар зидди ришвахорӣ ҳамдастии аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро тақозо дорад.

То даме ки дар ҳамбастагӣ решаҳои коррупсияро суст накунем, ба пешрафти зарурии  иқтисодиёти мамлакат ноил шудан мушкил аст.

Фарҳанги миллӣ ва болоравии иқтисодиёту истеҳсолот ба ислоҳоти соҳаи мактабу маориф вобаста аст.

Аз ҳамин хотир, Ҳукумати кишвар ба инкишофи соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг аҳамияти аввалиндараҷа дода, сол аз сол маблағгузориро аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёд мекунад.

Сатҳи донишандӯзиву  ҷаҳонбинӣ ва дар рӯҳияи ватанпарвариву арзишҳои миллӣ тарбия намудани хонандагону донишҷӯён ҳанӯз қонеъкунанда нест. Ин гуфтаҳои болоро сатҳи саводи донишҷӯёни мактабҳои олии мамлакат собит намуд.

Рисолати бузургтарини ҳар фарде, ки худро зиёӣ мешуморад ва дар ҷодаи фарҳангу илму маърифат заҳмат мекашад, бо талошҳои пайгирона сатҳи донишандӯзӣ ва тафаккури илмию технологияи насли наврасро баланд бардоштан вобаста аст. Зиёӣ будан, пеш аз ҳама, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва рисолати пешоҳангӣ, раҳнамоӣ ва маърифатпарварии худро дар хама гуна шароиту муҳити зиндагӣ пос доштан аст.

Руқия Хоҷаева,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш