Нашрияи Омӯзгор

Мушкилотро бартараф бояд кард

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади омӯзиши  фаъолияти Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳои Фархор ва Ш. Шоҳин ба навоҳии мазкур омадем. Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Фархор дар назди шуъбаи маорифи ноҳия бо 7 воҳиди корӣ таъсис дода шудааст. Марказ соҳиби бинои асосӣ мебошад.

Тавре ки директори марказ Р. Амиршоев иброз дошт, дар соли таҳсили 2019-2020 дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо маҳфилҳои химия, забони англисӣ, таърих ва ҳуқуқ, математика, забон ва адабиёти тоҷик, география ва технологияи информатсионӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 128 нафар хонандаи лаёқатманду соҳибистеъдод ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Роҳбарони маҳфилҳо аз омӯзгорони соҳибкасбу соҳибмаълумот интихоб шудаанд. Дар соли хониши 2018-2019 хонандагон дар озмунҳои фаннии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, 48 нафар дар даври вилоятӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявӣ аз 6 нафар ғолиби даври вилоятӣ як нафар сазовори ҷойи якум (аз фанни химия), медали тилло ва як нафари дигар сазовори ҷойи 2 (аз таърих) гардиданд. Ҳаракати олимпӣ рӯз то рӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия вусъати тоза гирифта, дар соли хониши 2019-2020 дар озмуни ноҳиявӣ 1800 нафар хонандаи синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, ба даври вилоятӣ 350 нафар роҳ ёфтанд. Дар озмунҳои фаннии ноҳиявӣ иштироки фаъолонаи аъзои маҳфилҳои химия, таърих, география ва технологияи иттилоотӣ қобили қайд аст. Қисми зиёди хонандагони лаёқатманд аз деҳоти дурдаст буда, на ҳамеша шароити ба маркази ноҳия омаданро доранд.  Омили дигаре, ки боиси ҷалб нагардидани хонандагони лаёқатманд ба марказ мегардад, нарасидани воҳидҳои корӣ ва нокифоя будани маблағгузорӣ мебошад. Дар назди шуъбаи маорифи ноҳияи Ш. Шоҳин Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо 8 воҳиди корӣ фаъолияти пурсамар дорад. Марказ дар бинои собиқи муассисаи таълимии №1-и дар маркази ноҳия ҷойгир шуда, соҳиби 5 ҳуҷраи корӣ мебошад. Ба иттилои директори марказ Т. Саломатшоев, дар соли таҳсили 2019-2020 дар  Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия маҳфилҳои химия забони англисӣ, таърих ва ҳуқуқ, математика, забон ва адабиёти рус, география, мусиқӣ ва физика фаъолият доранд, ки дар онҳо 122 нафар хонандаи лаёқатманду соҳибистеъдод фаро гирифта шудаанд. Аз сабаби он ки муассисаҳои таълимӣ аз Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия дар масофаи хеле дур ҷойгир ҳастанд ва дар фасли сармо омадани хонандагон ба марказ душвор мешавад, машғулиятҳои як гурӯҳи аъзои маҳфилҳои фаннӣ дар муассисаҳои таълимии №12 ва №22 гузаронида мешавад. Дар озмуни даври вилоятӣ 105 нафар аъзои фаъоли маҳфилҳои марказ ширкат варзида, соҳиби 9 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ) гардиданд. Дар озмуни байналмилалии «Кенгуру» хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии №1 Ш. Ҷумъаева сазовори ҷойи 3 (медали биринҷӣ) ва хонандаи синфи 7-и мактаб-интернат дар озмуни наврасони ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи 2 (медали нуқра) гардид. Дар соли таҳсили 2019-2020 20 нафар хонандаи соҳибистеъдоди ноҳия дар озмуни байналмилалии «Кенгуру» аз фанни математика ширкат варзида, соҳиби 6 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) гардиданд. Боиси нигаронист, ки танҳо хонандагони муассисаҳои таълимии №№ 1, 12, 22, 49 ва мактаб-интернати ноҳия ба маҳфилҳои марказ фаро гирифта шудаанду халос. Айни замон, дар Ҷамоати деҳоти Лангардара 10 муассисаи таълимӣ, дар Ҷамоати деҳоти Даштиҷум 11 муассисаи таълимӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Доғистон 4 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунанд. Мутаассифона, ягон хонанда аз ин муассисаҳои таълимӣ ба маҳфилҳои марказ ҷалб карда нашудаанд. Омили дигаре, ки боиси ҷалб нагардидани хонандагони лаёқатманд ба марказ мегардад, нарасидани воҳидҳои корӣ, нокифоя будани маблағгузорӣ ва дар масофаи дур воқеъ будани муассисаҳои таълимӣ аз марказ мебошад.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш