Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» даҳ сол сипарӣ гардид. Воқеан, қонуни мазкур ба беҳбуди ҳаёти мардум нигаронида шуда, аҳли ҷомеа онро хуш пазируфтанд.
Маълум, ки ҳама кор тартибу низом ва меъёр бояд дошта бошад. Пеш аз қабули қонуни ҷашну маросимҳо маъракаҳо бо харҷи зиёд ва ба таври рақобат амалӣ мегардид. Аксаран мардуми камбағал бо гузаронидани тӯйҳои дабдабанок қарздор мегардиданд ва солҳои тӯлонӣ ба ҷойи зиндагии хушбахтон ба пардохтани қарз машғул мешуданд. Қонуни мазкур меъёри муайяну мушаххасро барои ҳама мардум бо харҷи камтарин таъмин намуд.
Агар бо осори безаволи адибону донишмандони гузаштаамон назар афканем дармеёбем, ки онҳо хароҷоти беҳуда ва зиёдаравию исрофкориро интиқод кардаву дар ҳама кор нигоҳ доштани андозаро омили комёбӣ донистаанд. Ба ин маънӣ Саъдии бузургвор гуфтааст:
Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,
Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун.
Аз ин байт бармеояд, ки харҷи кам ҳамеша ба манфиат буда, дар пешрафти зиндагӣ нақши муассир дорад. Таҷрибаи Тоҷикистон дар самти танзими ҷашну маросимҳо аз ҷониби дигар давлатҳо низ дастгирӣ ёфтаасту ба ин монанд санад дар кишварҳои ҳамсоя қабул гардидааст.
Қонуни мазкур аз ҷашну маросимҳои анъанавӣ то идҳои расмиро танзим мекунад. Вобаста ба татбиқи ин санад ниҳоде бо номи Кумитаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд, ки раванди амалии қонуни зикршударо аз ҷониби ҷомеа назорат намуда, корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳиро роҳандозӣ менамояд. Мутаассифона, чунонки аз шабакаҳои телевизионӣ огоҳ мегардем, ашхосе пайдо мешаванд, ки ин ҳамаро нодида гирифта, қонуни номбурдаро сарфи назар мекунанд. Дар ин ҷода мебояд корҳои фаҳмондадиҳиро дар ҳамоишу чорабиниҳо боз ҳам ба таври васеъ дар ҷомеа ба роҳ монд, то дар ин самт қонуншиканӣ пурра барҳам дода шавад.
Дарвоқеъ, риояи қонуни мазкур аз ҷониби ҷомеа дар беҳбуд бахшидани шароити иҷтимоии шаҳрвандон нақши бориз дошта, ба зиндагии беҳтару шоистаи ҳамагон мусоидат менамояд.
Малоҳат РОЗИҚОВА,
омӯзгори забони русӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр