Нашрияи Омӯзгор

Таълим ва донистани забонҳо - муҳим

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Омӯзиши забони англисӣ яке аз вазифаҳои ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, имкон фароҳам меорад, ки тавассути он бо таъриху тамаддуни давлатҳои Аврупо ошно гардида, ҷаҳонбинӣ, сифати таълим ва технологияҳои замонавиро аз бар намоем, маънавиёти  шогирдони худро ғанӣ созем. Таълими забони англисӣ дар мактабҳои имрӯзаи мо асосан хуб ба роҳ монда шудааст.

Омӯхтани забонҳои англисӣ,  русӣ ва компютер барои на танҳо хонандагони мактаб ва донишгоҳҳо, балки барои ҳамаи кормандони ҷомеаи имрӯза муҳим ва фоидабахш мебошад.

Агар ба таърихи ин забон назар афканем, мебинем, ки он дорои таърихи хеле куҳан буда, бо таърихи пайдоиши давлати Англия вобаста аст. Вақте ки римиҳо ҷазираҳои Британияро дар соли 410 тарк карданд, забони лотинӣ оҳиста – оҳиста камистеъмол шуда, нуфузи забони англисӣ бештар мегардид. Пас аз  садсолаҳо забони англисӣ забони давлатии Британияи Кабир гашта, бо мурури замон шуҳрату эътибораш  афзоиш ёфт. Ғайр аз ин, дар дигар давлатҳои дунё, ба монанди Австралия, Канада, Зеландияи Нав, ИМА, Ҳиндустон ва Африқо ин забон паҳн гардид. Дар ҷумҳурии мо ба омӯзиши забони англисӣ диққати зиёд дода мешавад. Забони англисие, ки мо дар мактаб таълим медиҳем, забони адабии Британияи  Кабир мебошад.Забони англисӣ забонест, ки барои муоширати байналмилалӣ қабул шудааст ва дар байни шаш забони маъмул- англисӣ, хитоӣ, русӣ, испанӣ, арабӣ, фаронсавӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад.      

Имрӯз имкониятҳо барои омӯзиши забони англисӣ рӯз то рӯз хубтару беҳтар гашта истодаанд. Хонандагон ба ғайр аз соатҳои дарсиашон узви  маҳфилҳо шуда, дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок карда, савияи дониши худро сайқал медиҳанд. Бо донистани забони англисӣ шогирдони мо метавонанд дар хориҷи кишвар таҳсил, кор ва фаъолият намоянд, инчунин, дар соҳаҳои саноат, иқтисод ва фарҳанг бомуваффақият  кор кунанд.

Муаллими забонҳои русӣ ва англисӣ, пеш аз ҳама, бояд аз методу равияҳои нави таълимӣ васеъ истифода карда тавонад, хонандагонро нисбат ба дарс ва омӯзиш ҳавасманд созад, масоилу нуктаҳои печидаро шарҳ дода тавонад.        

Фарзона ҒАФУРОВА,

омӯзгори забони русӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш