Нашрияи Омӯзгор

Нақшофарӣ ва манфиати он

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Ҳар як омӯзгор дар раванди дарс метавонад дар вуҷуди хонандагон шавқу ҳавасро нисбат ба касбҳои гуногун бедор намояд, бахусус, дар дарси адабиёт.

Барои он ки ин фан саропо аз ҳикоя, достон, панд, тарона ва қиссаю афсона иборат буда, ҳар як хонанда метавонад, ки дар нақши ин ё он қаҳрамони асар ҳунарнамоӣ намояд.

Дар раванди омӯзиши адабиёти тоҷик дар синфи 6 мавзӯъҳои зиёде ҳастанд, ки ба мо имконият медиҳанд, то аз онҳо саҳнаҳои хуби тарбиявӣ ва ҷолиби диққатро омода намоем. Масалан, вақте ки мавзӯи суруди таърихии «Шӯриши Восеъ»-ро мефаҳмонем, шогирдон пас аз шунидани қиссаи Восеъ барои дар нақши ӯ ҳунарнамоӣ кардан омода мешаванд. Ба ин васила мо метавонем ҳисси ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу бумро дар шогирдон бедор намоем.

Ё ин ки дар мавриди таронаи «Бофандагон» бо пешниҳоди саҳна ва нақшофарии шогирдон ҳисси ғамхорӣ зоҳир намудан ба ҳунармандон, қадр кардани маҳсули меҳнати онҳо ва ҳунарманди касбӣ шуданро дар вуҷуди онҳо бедор намоем. Омӯзгор танҳо дар натиҷаи ташвиқот бурдан дар байни шогирдон ва ҳавасмандгардонии онҳо барои нақшофарӣ муваффақ мешавад.

Танқиди хислатҳои бад ва ситоиши рафтори неки одамон мавзӯи асосии асарҳои шоирону нависандагон ба ҳисоб меравад. Агар доир ба ин мавзӯъ мо аз рӯи достони «Хайр ва Шар» саҳна омода намоем, шавқи хонандагон барои анҷоми корҳои неку рафтори шоиста зиёд мешавад. Барои он ки онҳо рафтори Шарро дида намехоҳанд, ки мисли ӯ ҳарису бахил бошанд, баръакс, мехоҳанд мисли Хайр покдил, некхоҳ ва накӯкор бошанд. Аз ин рӯ, нақшофарӣ барои дарки пурраи мавзӯи некию бадӣ ба хонандагон кумак мерасонад.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки истифодаи ин усул яъне нақшофарӣ дар дарсҳои адабиёт ба манфиати кор буда, хонандагон дар роҳи рост тарбия меёбанд.

 

Сарвиноз НАЗАРОВА,

омӯзгори мактаби №98-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш