Оид ба фанни технологияи иттилоотӣ гузаронидани ҳар гуна ҷамъомадҳои иловагӣ, аз ҷумла, викторинаю шабнишиниҳо, шабҳои саволу ҷавоб, конференсияҳо барои хонандагон хеле муфид аст.
Мехоҳем маҳфилеро, ки байни синфҳои 5-10 аз фанни технологияи иттилоотӣ гузарондем, шарҳ диҳем. Онро ба таври зерин ба қисмат ҷудо кардем:
1. Баромади хонандагон.
2. Саволу ҷавоб.
3. Санҷиши хотираи хонандагон.
4. Мусобиқаи «Кӣ зуд меёбад?».
Дар байни ин қисматҳо баҳри болидарӯҳии ҳозирин барномаҳои консертиро низ ҷой додем. Шабнишинӣ бо чунин мавзӯъҳо сурат гирифт:
1.Пайдоиши компютер
2. Маълумот дар бораи компютер ва қисмҳои он.
3. Аҳамияти компютер дар даврони мо.
4.Тарзи дурусти истифодаи компютер.
Хонандагонро қаблан даъват намудем, ки худ ҷустуҷӯ карда, доир ба ин мавзӯъҳо маълумот пайдо намоянд. Кӯшиш кунанд, ки суханрониашон кӯтоҳу фаҳмо бошад. Чанд иқтибос:
1.Дилноза:
- Инсон дар ҳама давру замон барои ҳисоб кардани асбобҳо эҳтиёҷ дошт. Барои ин ба вай чизе лозим буд, то хато накунад. Одамони давраи ибтидоӣ дар ин ҳолат аз ангуштон истифода мебурданд. Баъдтар лозим омад, ки чизе ихтироъ кунанд. Чӯбчаҳои нишонадор, тасмаҳои сӯрохдор, ресмонҳои гиреҳдор ва дигар асбобҳои одитарин аз аввалин ихтирооти он давраҳо ба ҳисоб мераванд.
Пешрафти замона, инкишоф ёфтану васеъ шудани мафкураи инсон боиси ихтироъ ва истифодаи техникаҳои ҳисоббарорӣ шуд.
Ҷунбиши асосӣ дар пайдоиши он дар асрҳои XVII-XVIII ба вуҷуд омад. Аввалин мошинҳои арифметикиро олимони ин аср эҷод кардаанд.
2. Сармад:
- Дар охирҳои солҳои 70-уми асри XX ба таври васеъ паҳншавии компютерҳои фардӣ сабаби коҳишёбии талабот ба компютерҳои калон ва мини - МЭҲ гашт.
Моҳи августи соли 1981 компютери нав бо номи 1ВМ РС ба ҷаҳониён муаррифӣ шуд, ки он дар байни истифодабарандагон ба зудӣ шуҳрат ёфт.
Ҳоло компютерҳои ба 1ВМ РС монанд, ки дар тамоми дунё истеҳсол карда мешаванд, зиёда аз 90% - и ҳамаи компютерҳои фардиро ташкил медиҳанд.
Компютерҳои 1ВМ РС аз қисмҳои зерин иборатанд:
-блоки системавӣ;
-экран;
-клавиатура;
-принтер;
-мушак;
Дар қисми дуюм, ки саволу ҷавоб ном дошт, иштироккунандагонро ба ду гурӯҳи 5-нафара ҷудо намудем. Барои дар ин шарт иштирок кардан хонандагон ба ҳам саволҳо дода, ҷавобҳоро аз гурӯҳи муқобил интизор мешуданд.
Шарти сеюм «Санҷидани хотираи хонандагон» ном дошт. Се нафар хонандагони синфи 10-ро ба назди тахтаи тайёр даъват намудем ва супориш додем, ки операторҳои дар хотирашон бударо нависанд.
Барои ин 5 дақиқа вақт ҷудо намудем. Ғолиб он касе ҳисобида шуд, ки аз ҳама зиёд операторҳоро ба хотир оварда навист.
Барои иҷро кардани шарти чорум, ки «Мусобиқаи кӣ зуд менависад?» ном дошт, аз байни хонандагони синфи 8 хоҳишмандонро даъват намудем.
Се нафар дар назди компютерҳо нишаста ба барномаи word дохил шуда матни пешниҳодшударо навиштанд.
Ҳамин тавр, хонандагон дар рафти маҳфил бори дигар эҳсос намуданд, ки фанни технологияи иттилоотӣ на танҳо бо математика, балки бо дигар фанҳо низ алоқаи зич дорад. Дар замони муосир он мушкилкушои ҳамаи корҳои инсон ба шумор меравад.
Наргис Бобоева,
омӯзгори технологияи иттилоотии
мактаби №6, шаҳри Панҷакент
Иловакунӣ
Иловакунии фикр