Нашрияи Омӯзгор

Ба сустхонҳо таваҷҷуҳ мебояд

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Оила ва мактаб аввалин ва асоситарин омили тарбияи фарзанданд ва агар дар ин зина ягон каҷравие рух диҳад, ислоҳи он барои худи падару модарону омӯзгорон, умуман, ҷомеа дар оянда кори басо душвор мегардад.

Аввалин омӯзгори бача модар аст. Агар модар маърифати волои тарбиятгарӣ дошта бошад, дар мактаб омӯзгорон чандон душворӣ намекашанд. Аммо дар ҳолати баръакс душворие пайгири мактаб мегардад, ки ислоҳаш мушкили дигар аст. Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки падару модарон бояд аз таваллуди фарзанд ба инобат гиранд. Чунончи, дар вақти гуфтугӯ бо аъзои оила риоя намудани забони адабӣ, ки метавонад дар тарбияи хештаншиносии кӯдакон замина гузорад. Дигар, муносибати хуби оилавӣ дар байни падару модарон ва фарзандон, ки бо ин восита метавон дар бунёди шахсияти кӯдак хишти устувор гузошт. Эътибор ба муҳити зист ва шароити мусоиди дарстайёркунии фарзандон ва ташкили истироҳати хуб барои фарзандон ҳам дар рушди маърифатнокии онҳо такони хубе дода метавонад.

Бояд гуфт, ки мактаб ҳам барои ташаккули дунёи ботинии кӯдакон вазифадор аст. Он метавонад бо муносибати омӯзгорон, ташкили дарс ва чорабиниҳои пурмуҳтаво, ташкили дурусти робита бо оила дар ин самт нақш гузорад.

Дар ҳолати аз тарафи мактаб ва оила самаранок истифода бурдани ин масъалаҳо, албатта, дар таълиму тарбияи шогирдон ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳем шуд. Ба назар мерасад, ки дар ин самт ба фаъолияти хонандагони сустхон таваҷҷуҳ камтар аст. Барои пешрафти ин гурӯҳи хонандагон нақши омӯзгор аз ҳама бештар аст. Омӯзгор бо ташкили дарсҳои шавқовар, истифодаи методу равишҳои ҷолиб сустхонҳоро метавонад ба таълим ҷалб намояд. Барои омӯзгори кордон ҳолати ташкили кор, назорат ва ҳавасмандгардонӣ беҳтарин омилҳои расидан ба ҳадафанд.

Ман дар таҷрибаи кори худ кӯшиш мекунам аз ин равишҳо кор барам, зеро натиҷаи хуби ин амалро бисёр дидаам.

Бунафша ҲОМИДОВА,

омӯзгори мактаби №49,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш