Ҳар як фарди ҷомеаро бо сифатҳои беҳтарини инсониаш – ахлоқи ҳамида, муомилаву муошират бо атрофиён, хушсуханӣ ва монанди ин мешиносанд. Шарму ҳаё низ аз писандидатарин ва накутарин хислатҳои шоистаи инсонист. Он яке аз рукнҳои адаб ба ҳисоб рафта, касро дар ҷомеа обрӯманд мегардонад. Шарм, пеш аз ҳама, худдорӣ кардан аз гуфтору рафтори ношоям аст. Боҳаёӣ инъикоси ахлоқи воло ва бомаърифатии шахс мебошад. Ба ақидаи равоншиносон, ҳаё ҳиссиёти нафис аст, ки он дар чеҳра (сурх шудани рӯй) ва хиҷолати инсон зоҳир мешавад. Шарм ва ақл ҷудонопазиранд. Ҳаё яке аз хислатҳои нек буда, инсонро ба одоби ҳамида водор месозад. Аммо он меъёри худро низ дорад, зеро шармгинии аз ҳад зиёд касро метавонад аз пешравӣ боз дорад. Масалан, дар омӯхтани илму ҳунар набояд шарм кард, яъне аз пурсидан шарм кардан даркор нест.
Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома» чунин гуфтааст: «Адаб, хоксорӣ, покиву ростгӯӣ, беозориву бурдборӣ ва шармгинист. Муқаддимаи некӣ шарм аст ва муқаддимаи бадӣ бешармист. Аммо шарми бисёр зарар орад. Ҷои шарму ҷои бешармиро бояд донист».
Имрӯз баъзе ашхосе ба назар мерасанд, ки бешармиро талқин менамоянд. Ба фарҳанги Ғарб пайравӣ кардан ва пӯшидани либосҳои ним-урён аз ҷумлаи он буда, хилофи суннати миллӣ мебошанд. Чунин одат аз оила оғоз шуда, тадриҷан дар ҷомеа ба як ҳолати маъмулӣ табдил меёбад. Либос як навъ маданияти инсон аст ва кӣ будани соҳибашро муаррифӣ менамояд.
Дар ҷумҳуриамон имрӯз либоси миллӣ дубора мавқеъ пайдо карда. Пӯшидани пероҳани миллӣ на аломати қафомондагӣ ё куҳнапарастӣ, балки нишонаи фарҳангдӯстӣ ва миллатпарварӣ аст.
Шахсе, ки нангу номус дорад, аз гуфтору рафтори бад бояд парҳез кунад. Ҳама кирдори зишт аз беҳаёӣ мебарояд ва бешармӣ касро беобрӯ мегардонад. Аз ин рӯ, ҳар як шахс дар муошират бояд боандеша бошад ва ҳаёро нигоҳ дорад, зеро шарм зиннати адаб аст.
Саврия Ваҳҳобова,
омӯзгори мактаби рақами 10, шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр