Нашрияи Омӯзгор

Китоб пулест ба олами доноӣ

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 854        Шарҳ: 0

 

Суҳбат бо Шодимуҳаммади Сӯфизода, директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Ганди, доктори илми филология, профессор, дар ҳошияи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”.

- Устод, тавре медонем, ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 феврали соли 2019 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар тамоми қаламрави кишвар ҷараён ёфт. Гуфта мешавад, ки ин амал ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор мегардад.

- Қаблан хушҳол аз онам, ки дар кишвари азизи мо – Тоҷикистон чунин озмуне, ки омили сарбаландии мост, баргузор мегардад ва орзу мекунам, ки дар зиндагии мардуми тоҷик китоб наздиктарин мунис ва дӯсташон бошад, зеро ба гуфтаи Ҳусайн Пажмони Бахтёрӣ:

Он ёр, ки хомӯшу сухангӯст, китоб аст,

Он кас, ки накухоҳу накухӯст, китоб

аст.

Он дӯст, ки бе ранҷу таманнову

таваққуъ

Бошад ба ҷаҳон аз дилу ҷон дӯст, китоб

аст.

- Вазъи мутолиаро дар ҷумҳурӣ чӣ тавр арзёбӣ мекунед?

- қаблан дар ҷои кор, хона, роҳ, истгоҳ, дохили троллейбусу автобус одамоне ба чашм мехӯрданд, ки машғули мутолиаи китоб, рӯзнома ва ё маводи дигари чопӣ буданд. Чунин саҳнаҳо хеле хурсандиовар ва дилгармкунанда буд. Шигифто, ки чунин ҳолат имрӯзҳо ба чашм мерасад, вале на чун даврони пешин. Дар ҷомеае, ки алоқа ба китобу китобхонӣ камтар аст, бемориҳои иҷтимоие мисли бетаҳаммулӣ, ифротгароӣ, хушунат ва дигар рафторҳои номатлуб хеле зиёд аст. Аврупоиён муътақид бар онанд, миллате, ки китоб намехонад ва китобро муътабар намедонад, аз пешрафту рушд дар канор хоҳад монд ва маҳкум ба такрори саҳифаҳои торики таърих аст.

- Чӣ боис гардид, ки сатҳи китобхонӣ паст шуд?

- Тазодро бинед, ки дар солҳои 70-уму 90-уми қарни бист, ки шумори шаҳрвандони Тоҷикистон ҳудудан панҷ миллион буд (ду миллион аз ин теъдод ғайри тоҷикизабонон буданд), китобҳои бадеӣ бо шуморагони ҳафт то чаҳордаҳ ҳазор нашр мешуд. Масалан, ду очерки адабию таърихии устод Садриддини Айнӣ «қаҳрамони халқи тоҷик, Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ» дар як ҷилд сад ҳазор нусха ва маҷмӯаи ашъори устод Лоиқ «Дасти дуои модар» панҷоҳ ҳазор нусха интишор ёфт. Аммо имрӯз шумори шаҳрвандони Тоҷикистон ба нуҳ миллион расидааст ва шигифтовар аст, ки ҳадди аксари теъдоди нашри китоб аз як ҳазор бештар нест. Ба сабаби ба доми даҳшатзои ҷанги шаҳрвандӣ уфтодани тоҷикон ҳаёти фарҳангию илмии кишвар ба куллӣ рӯ ба таназзул овард. Мардум танҳо барои як луқма нон кор мекарданд. Мафҳумҳои китобу китобхонӣ ва маърифатомӯзӣ фаромӯш гардид. Санъати чопи китоб қариб ба нобудӣ расид. Хушбахтона, имрӯз вазъият дигар аст. Дар саросари мамлакат фазои сулҳу оромӣ ҳукмфармост.

-  Бархе мегӯянд, ки имрӯз ҷавонон китоб кам мехонанд, шояд чунин бошад. Фикри шумо дар ин масъала чист?

-  Медонед, ҳазорон дареғ, ки на танҳо ҷавонон, балки бисёре аз муҳаққиқон, муаллимони донишгоҳҳои олию миёна ва мактабҳо, адибону фарҳангиён ва намояндагони қишрҳои дигари ҷомеа низ китоб намехонанд.

-  Имрӯз интернет ҷойи китобхониро то андозае танг кардааст. Оё ягон барномае нест, ки то андозае аз ин амр монеъ гардад ва оё вақти он нест, ки дар кишвари мо китобхонаҳои интернетӣ фаъол шаванд ва ба  васила дастраси муштариён гарданд?

- Дар даврони ҷаҳонишавӣ иттилоот арзиши хеле баланд дорад. Акнун фурсате беназир ба мо даст додааст, то дар амри мустаҳкам кардани пояҳои истиқлоли кишварамон аз донишҳои муосир истифода намуда, фарҳанги меҳанпарастию миллатдӯстиро дар мағз-мағзи устухони имрӯзиёну ояндагон ҷой кунем. Ба ин ҳадаф танҳо бо роҳи китобхонӣ, донишомӯзӣ ва маърифатандӯзӣ метавон даст ёфт. Аз ин рӯ, илмомӯзию китобхонӣ бояд аз вазифаҳои асосии миллии мо бошад. Имрӯз дар кишвари мо ҳама гуна шароит фароҳам аст, то китобхонию донишомӯзӣ ба як фаъолияти ҳамешагию пойдорамон мубаддал шавад ва на танҳо ҷавонон, балки намояндагони ҳамаи табақаҳову қишрҳои ҷомеа бо ишқу алоқаи самимӣ ба он рӯй биёваранд.

- Барои баланд бардоштани сатҳи алоқаи навҷавонону донишомӯзон ба китобу китобхонӣ чи корҳоеро бояд анҷом дод?

- Дар ин самт, ба назари инҷониб, ду корро бояд анҷом дод: нахуст он, ки таҳқиқоти ҷомеу жарфи илмӣ роҷеъ ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шавад; дувум ин, ки баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони китобдорию донишшиносӣ барномаи вежаи тавсеаи фарҳанги китобхониро дар ҷомеа бояд таҳия кард ва барои иҷрои он ҳамаи шароитро муҳайё сохт. Вазорату идораҳои зидахли кишвар бояд барои таблиғу тарвиҷи китобу китобхонӣ корҳои амалию таъсирбахшеро анҷом диҳанд. Масалан, дар мактабҳои миёна бояд ҳафтае як соат барои китобхонӣ ҷудо карда шавад, то бачагон аз хурдӣ бо фарҳанги китобхонӣ ошно шаванд. Бо муаррифии шахсиятҳои барӯманди миллати тоҷик, ки мавқеи китобу дониш дар зиндагии онон хеле барозанда аст, бояд доштани китобхонаи шахсӣ чун яке аз нишонаҳои мусбати ҳаёти хонаводаҳо аз ҷониби расонаҳо, бавижа, телевизионҳои давлатӣ таблиғ шавад.

Мусоҳиб

Умед Пудинаев,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш