Нашрияи Омӯзгор

Дидор бо хонандагон

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 838        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Дӯстӣ вохӯрии нависанда  Зариф Ғулом бо хонандагони мактаби рақами 5-и ноҳия баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавиро раиси ноҳия Н.Саидзода ифтитоҳ бахшида,  саҳми адиб Зариф Ғуломро дар офаридани асарҳои шавқовар ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ муҳим ҳисобид.

Сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ А.Абдураҳимзода оид ба зиндагинома ва осори адабии нависанда мухтасар маълумот дод.

Мудири шуъбаи Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ, профессор Шоҳзамони Раҳмон дар бораи паҳлуҳои ҷудогонаи эҷодиёти адиб маърӯза намуд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ М.Камолов, собиқадорони  меҳнат А.Абоилов, Ҳ.Давлатова ва директори мактаби №5 М.Холова ба нависанда дар эҷоди асарҳои баландғоя муваффақиятҳо орзу намуданд.

Адиб Зариф Ғулом оид ба нақшаҳои минбаъдаи эҷодияш иттилоъ дода, ба китобхонаи муассиса ва як қатор хонандагон китобҳои тозаэҷоди  худро тақдим намуд.

Матн ва сурати

Т.Рӯзиев


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш