Нашрияи Омӯзгор

Ҳодисаҳои номатлубро пешгирӣ мебояд

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Қудратулло Назарзода бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқот намуд.

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода зикр намуд, ки бояд нисбат ба падидаҳои номатлуби ҷомеа бетараф набошем. Ташкили вохӯрии имрӯза дар ҳошияи тадбирҳои андешидаи раёсати донишгоҳ, бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ ва маърифати ҳуқуқии устодону донишҷӯён роҳандозӣ мешавад.

Сипас, генерал-майори милитсия Қ.Назарзода  дар мавриди нооромиву низоъҳо ва таҳдиду хатарҳои глобалӣ, сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон бо мақсади кумак ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт, тадбирҳои минбаъдаи Ҳукумати мамлакат бо роҳи ҳамкориҳои фарогир дар мавриди таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон ҳарф зад. Ӯ ёдовар шуд, ки бо вуҷуди мунтазам ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ имрӯз байни ҷомеаи мо афроде низ ёфт мешаванд, ки маърифати таърихиро аз ёд бурдаанд ва ба фарҳанги бегона пайравӣ намуда, аз миллату таърихи хеш бехабарӣ зоҳир менамоянд. Мавсуф бо овардани далелҳои мушаххас ва таҳлилу назарсанҷиҳо афзуд, ки даст задан ба амалҳои номатлуб бахусус, ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ нашъа-ҷаллобӣ, рӯй овардан ба фарҳанги бегона ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз ҷониби афроди нобакор, пеш аз ҳама, аз нодида гирифтани ғамхорӣ ва дастгириҳои давлату ҳукумат сарчашма гирифта, оқибатҳои хатарноку ногувор дорад.

Таъкид гардид, ки донишҷӯёну устодон дар роҳи мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва нашъамандиву оворагардӣ ҳамроҳи мақомотҳои қудратӣ, махсусан кормандони милитсия муборизаи муштаракро ба роҳ монда, рисолати шаҳрвандии худро иҷро намоянд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш