Нашрияи Омӯзгор

246 медали хонандагони тоҷик

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

 

29 ноябр то 2 декабр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 20-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур аз 12 давлати дунё хонандагон иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин озмуни бонуфуз 4 даста (12 нафар) муаррифӣ карданд. Дар ҷамъбаст 3 даста сазовори ҷойи ифтихорӣ (3 медали тилло, 3 медали нуқра, 3 медали биринҷӣ), аз ҷумла, дастаи литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд сазовори мақоми аввал, дастаи литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Душанбе сазовори мақоми дуюм ва дастаи литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе сазовори мақоми сеюм гардиданд.

Шоистаи таъкид аст, ки соли 2019 хонандагони тоҷик дар 28 олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ дар давлатҳои Қазоқистон, Беларус, Тайланд, Россия, Малайзия, Руминия, Италия, Ҳиндустон, Латвия, ИМА, Исроил, Маҷористон, Англия, Ӯзбекистон, Франсия, Африқои Ҷанубӣ, Озарбойҷон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия ва Ветнам иштирок намуда, сазовори 246 медал (67 медали тилло, 65 медали нуқра ва 114 медали биринҷӣ) шуданд.

 

Н. ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш