Зӯроварӣ дар оила яке аз мушкилоти мубрами ҷаҳони имрӯза мебошад. Он кирдори паҳншуда ва хавфноке дар муҳити оилавӣ ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои аъзои дигари оиларо дағалона вайрон намуда, дар баъзе мавридҳо ба барҳамхӯрии оилаҳо ва худкушии ҷабрдидагон оварда мерасонад.
ҳеҷ кас аз ин кирдор истисно буда наметавонад. Амалҳои зӯроварӣ дар оила асосан бо сабабҳои носозгорӣ, паст будани сатҳи зиндагӣ, бекорӣ, набудани манзили алоҳидаи истиқоматӣ, ҳодисаҳои майзадагию нашъамандӣ ва дигарҳо рух медиҳанд.
Бо ин мақсад ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз санаи 25 ноябр то 10 декабр маъракаи «16 рӯзи зидди зӯроварӣ дар оила»-ро қайд мекунанд, ки он бахшида ба қабули Конвенcия оид ба бартараф намудани ҳама гуна маҳдудкуниҳо нисбат ба занон қабул карда шудааст. Соли 1999 СММ 25 ноябрро расман Рӯзи байналхалқии мубориза бо зӯроварӣ нисбат ба занон, ба хотири куштори хоҳарон Мирабэллаҳо аз Ҷумҳурии Доминакан эълон намуд. Интихоби 10-уми декабр ҳамчун рӯзи хотимавӣ низ бесабаб нест, зеро ин рӯз-Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон аст.
Бо мақсади пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва паст намудани хушунату зӯроварии хонаводагӣ дар ҷумҳурӣ Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардидааст. Ҳамзамон, барои татбиқи самараноки қонун «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023», Консепсияи Рушди оила дар ҶТ, Кодекси оила ва қонунҳо, инчунин, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки ба салоҳияти мақомоти ҳокимият оид ба худидоракунии маҳаллӣ дахл доранд, қабул ва мавриди татбиқ қарор дода шудааст.
Баҳри татбиқи қонуну барномаҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ нақшаю чорабиниҳои зиёде баргузор мегардад.
Аз ҷумла, Шӯрои ҷамъиятии ноҳияи Рӯдакӣ бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи бехатар» як қатор чорабиниҳоро доир ба ин масъала баргузор карданд ва ин иқдом идома ёфта истодааст. Дар доираи нақша-чорабиниҳо шӯрои ҷамъиятӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ШВКД – 1 аз 25 то 27 – уми июли соли ҷорӣ дар ҷамоату деҳоти Чоргултеппа, Чорсӯ, Оби шифо, Баҳористон тадқиқот доир ба муайян намудани сабабҳои ба миён омадани зӯроварӣ дар оила ташкил карда шуд ва бо гурӯҳҳои фаъоли ҷамоат, деҳот ва бо намояндагони сохторҳои марбута суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд. Вохӯриҳои вобаста ба ин мавзӯъ то охирҳои моҳи декабри соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт. Вобаста ба ин, дар назди шуъбаи ШВКД-1 дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ ҳуҷраи машваратӣ-ёрии ҳуқуқиву психологӣ кушода шуд, ки зарардидагон аз зӯроварии оилавӣ метавонанд сари вақт муроҷиат намуда, ёрии ҳуқуқиву психологӣ гиранд.
Ҳасанҷон
АЛАМШОЕВ,
рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр