Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатии сарзамини мост, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ онро бо эҳтироми хосса, даст болои қалб гузошта, месарояд. Оҳанги мутантану бошукӯҳи Суруди миллӣ ба дилҳо фараҳу шодӣ ва ҳисси ифтихор меорад. Матни пурмазмуни он баёнгари таърихи пуршебу фарози миллати ҷафокашидаву сарбаланди тоҷик мебошад.
Бояд гуфт, ки Суруди миллии давлатамон дар як замони душвору тақдирсози миллат арзи ҳастӣ кард. Аз сабаби кашмакашиҳои дохилӣ озмуне, ки барои эҷоди матни он эълон шуда буд, тӯл кашид ва танҳо соли 1994 ҷамъбаст гардид. Дар озмун матни пешниҳоднамудаи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар пирӯз гашт. Ёдам ҳаст, ки он солҳо хонандаи мактаби миёнаи умумӣ будем. Омӯзгори забон ва адабиётамон Ҳамроҳхон Табаров бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ мужда расониданд, ки матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаасту акнун мо - тоҷикон, гимни худамонро дорем. Бо маҳзи шинос шудан матни он, мазмунаш ба диламон нишаст, зеро содаву равон буду дилнишин. Зуд аз бар кардаву дар чорабиниҳо, маросиму ҳамоишҳои мактабӣ Суруди миллиямонро бо оҳанг қироат мекардем...
Суруди миллии ҷумҳуриро бо боварии тамом метавон ҳамчун як ниёишномае шуморид, зеро муаллифи он дар ҳар як сатраш бақову саодату давлати меҳанро орзу кардааст.
Ҷои зикр аст, ки имсол Суруди миллии мо 25 - сола шуд. Ба ин муносибат дар саросари кишвар маҳфилҳои рангину дилнишин баргузор шуданд.
Дар муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқдоми шоистаеро роҳандозӣ кардаанд. Хонандагони тамоми мактабҳои ҳудуди вилоят қабл аз шурӯи дарсҳо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аҳлона месароянд. Вақте бо омӯзгори заҳматпеша Шодигул Қонунзода, ки айни замон роҳбарии мактаби Президентии шаҳри Хоруғро бар зимма дорад, дар ин замина суҳбати телефонӣ доштам, мавсуф қайд намуд, ки роҳандозии ин амали лоиқи таҳсин барои дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, гиромӣ доштани рамзҳои давлатии ҷумҳурии азизамон тарбия кардани насли наврас мусоидат мекунад. Бояд зикр кард, ки дар мактаби Президентии шаҳри Хоруғ ҳар субҳ хондани Суруди миллии кишвар солҳо боз ҳукми анъанаро дорад. Бисёр хуб аст, ки кӯдакон аз хурдӣ бо муқаддасоти миллӣ шинос мешаванд ва арҷ гузоштану пос доштани рамзҳои давлатиро ёд гирифта, наслҳои баъдиро низ дар ҳамин рӯҳия тарбия мекунанд.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр