Зина ба зина муассисаҳои олии кишвар ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузашта истодаанд, ки ин раванди санҷидашуда дар давлатҳои қитъаҳои Аврупову Амрикост.
Тибқи созишнома ва низомномаи Болония ин раванд афзалиятҳои худро бо ҷаҳиши илмию амалӣ дар соҳаҳои илму маориф ва ҳамбастагии онҳо ба талаботи бозори меҳнат нишон додааст.
Ин раванд бо дастгирии Вазорати маориф ва илм, махсусан, раёсати илму инноватсия, раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо маром идома ёфта, тамоми мутахассисони соҳа, омӯзгорону кормандон бо низомнома, қонуну қоидаҳои низоми кредитии таҳсилот дар заминаи бозомӯзӣ ошно карда шуданд. Агар давраи аввали гузариш миёнаи солҳои 2000 - 2009-ум ба вуқӯъ пайваста бошад, давраи дигар баъди солҳои 2010-ум амалӣ гардид, ки натиҷаҳои назаррас ба бор овард.
Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод яке аз аввалин муассисаҳои миёнаи касбии вилояти Суғд буд, ки аз соли 2010-ум барои зина ба зина гузаштан ба низоми кредитии таҳсилот иқдом намуда, баҳри бозомӯзии кормандон, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ бо раванди ин навъи таҳсилот корҳои амалиро анҷом дод. Дар соли 2013-ум барои ихтисоси 2-400101 «Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ» низоми кредитии таҳсилот ҷорӣ карда шуд ва натиҷаи хуб дод. Сипас, бо мутобиқ сохтани сохтори идоракунии коллеҷ ва ташкили офиси бақайдгирӣ, таъйини эдвайзер, тютор, инчунин, мутобиқгардонии нақшаҳои таълимӣ оғоз гардида, деканҳои факултаҳо, мудирони кафедраҳо бо ёрии мутахассисони соҳа барои мукаммалгардонии кабинетҳои компютерӣ, корбарӣ дар тахтаи электронӣ, таҳияи силлабус ва дигар талаботи низомнома таҳсилоти кредитиро ба роҳ монданд. Имрӯз аз рӯи шаш ихтисоси мавҷуда барои тайёр намудани мутахассисони мутобиқи талаботи бозори меҳнат таълим бо низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, натиҷаи нек ва босамар додааст.
Албатта, низоми мазкур талабот ва мушкилоти худро дошта, аз мутахассис, роҳбалад ва донишомӯз кӯшиш, ҷустуҷӯ, омӯзиш, тафаккур, муқоиса, таҳлил ва интиҳоби беҳтарину навтарин мавод, навгонии илмӣ - техникӣ ва озмудашуда, ё худ, ҳоло дастраси умум нагардидаро тақозо дорад. Ин раванд бе технологияи муосири иттилоотию инноватсионӣ муяссар намегардад, зеро ҷаҳони вертуалӣ пур аз иттилои гуногун аст, танҳо интихоби дуруст, омӯзиши саҳеҳ, ҳамбастагии илмӣ-технологӣ, илмӣ-амалӣ бо назардошти манфиатҳои умумии инсонию миллӣ мутахассисро ба самти беҳтарини касбӣ мебаранд.
Бозори меҳнати ҷаҳонӣ талабгори мутахассиси варзида, кордон, забондон, ихтироъкор бо интеллекти илмӣ ва зеҳнияти навандешонаю навоваранда мебошад, ки манфиатҳои иқтисодӣ, обрӯ ва афзалиятҳои дигар ба корхона, ширкат, муассиса оварда тавонад.
А. Абдуллоев
директори коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр