Нашрияи Омӯзгор

Ним аср дар хизмати халқ

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Омӯзгорӣ,  новобаста ба душвориҳои зиёдаш, касби пурифтихор аст. Ман аз он мефахрам, ки дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаву бо роҳнамоии падар ин касбро интихоб кардаам. Мо дар оилаамон даҳ нафарем. Бо маоши омӯзгорӣ ба воя расидем ва шукрона аз он мекунем, ки ба ин восита соҳиби обрӯву эҳтиром низ гардидем. Ҳама аҳли оила соҳиби маълумоти олием. Се нафарамон касби падарро интихоб намудаву ба шогирдон таълиму тарбия медиҳем.

Падарам Усмон Саидов зодаи деҳаи Шаватки Болои ноҳияи Айнӣ, хатмкардаи факултаи физика – математикаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ буда, то охири умр дар мактаби рақами 19 – и деҳаи Тангаии шаҳри Ваҳдат аввал омӯзгор ва баъдан то охири умр директори ин муассиса буданд. Он кас беш аз панҷоҳ сол танҳо дар ҳамин мактаб фаъолият кардаву шогирдони зиёдеро ба воя расондаанд. Агар гӯем, ки ҳамаи омӯзгорони имрӯзаи мактаб шогирдони ӯянд, хато нахоҳем кард. То тавонистанд барои ободии таълимгоҳи  номбурда низ саъю талош варзиданд. Хизматҳояшон дар вақташ бо унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва чанд медалу ифтихорномаи дигар қадрдонӣ гардидааст.  

Қиблагоҳамон ба мо ҳамеша таъкид мекарданд, ки касбамонро дӯст дорем, барои такмили донишамон мунтазам худомӯзӣ намоем. Яъне, мо, фарзандон,  ҳар кӣ шудем, аз туфайли ғамхориву роҳнамоии падарамон шудем. Мутаассифона, як моҳ пештар аз ин падарамон дар 74 – солагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфтанд. Мо, фарзандон, ба он мекӯшем, ки мувофиқи васияти он кас амал намуда, ба ин васила хотираи ӯро гиромӣ дорем. Ҳар гоҳ ки ба расми зебои он кас менигарам, байти шоир ба хотир меояд, ки гӯё онро падарам ба мо мегуфта бошанд:

Ояд насими меҳру муҳаббат зи турбатам,

Хоки маро агар паси сад қарн бӯ кунанд.

 

Шоистамо САИДОВА,

омӯзгори мактаби №69,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ (Аз номи кулли фарзандон)


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш