Нашрияи Омӯзгор

Навосанҷе аз хоки поки Табрез

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 888        Шарҳ: 0

 

Дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик шоироне арзи вуҷуд кардаанд, ки бо ҳунару маҳорати баланди нигорандагӣ, тасвиру образофарӣ ва ақидаҳои панду ахлоқии худ ҷойгоҳи шоистаро сазовор гаштаанд.

Дар радифи сухансароёне, ки бо сабки хуросонию ироқӣ шеър эҷод менамуданд, як идда шоироне низ шеър эҷод кардаанд, ки бо номи сабки ҳиндӣ маъруфу машҳур мебошад. Яке аз ин гуна шоирони соҳибмактаб ва тозагӯю тозапардози ин сабк Соиби Табрезӣ (Исфаҳонӣ) маҳсуб меёбад, ки худро навосанҷи рӯзгор ва шоири балеғгуфтор номидааст.

Ҳазорон ҳамчу булбул ҳар баҳоре

мешавад пайдо,

Навосанҷе чу ман дар рӯзгоре мешавад

пайдо.

Соиби Табрезӣ дар сурудани ғазал ибтидо  ба Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон пайравӣ мекардааст. Баъдтар вай ба омӯзиши эҷодиёти шоирони равияи сабки ҳиндӣ, аз қабили Рукнои Масеҳи Кошонӣ ва Ҳаким Шифоӣ пардохта, тадриҷан бо офаридани ташбеҳу истиораҳои ноб, тасвирҳои нодир, тамсилу масал ва амсоли ин ба қуллаи баланд мерасад ва шуҳраи даврон мегардад. Шоир ба маъруфияту овозадор гардиданаш бо ифтихор ишора карда, мегӯяд:

Гарчи Урфӣ пардаи сози суханро тоза

кард,

Ин наво аз хомаи Соиб баландовоза

шуд.

Ё ҷойи дигар:

Унвон басе  баланд аст меъроҷи фикри

Соиб,

Кай метавон расидан, ҷое, ки ӯ расида?

Аз қавли адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода, «Соиб шоири мазмунофарин аст. Хусусан, мазмунҳои иҷтимоию ахлоқӣ дар осори шоир мавҷ мезананд».

Таври мисол дар ин байтҳо:

Зи меъроҷи мансаб маҷӯ пойдорӣ,

Ки бар ях бувад пой ин нардбонро.

***

Мардон зи роҳи дард ба дармон

расидаанд,

Соиб, азиз дор дили дардмандро.

***

Ту,  шишадил, надиҳӣ тан ба сахтии

айём,

Вагарна лаъл зи камар шавад пайдо.

Нуфузу шуҳрати Соиби Табрезӣ хеле баланд гардида буд ва аз шоирони пасин Сайидои Насафӣ ӯро устоди хеш мешуморанд. Дар замони мо шоири машҳур, шодравон Лоиқ Шералӣ дар таҳияву тадвини девони ғазалиёти ӯ ҳамроҳи адабиётшинос Зоҳир Аҳрорӣ саҳми калон гузоштааст. Лоиқ Шералӣ низ аз муътақидон ва пайравони ашъори Соиби Табрезӣ буд.

Малика Холиқова,

омӯзгори мактаби №69, ноҳияи

Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш