Нашрияи Омӯзгор

Ганҷи ноёб-модарам

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Модарҷони азиз, бароям мислат дар ҷаҳон касе нест. Намедонам, туро чӣ сон тасвир кунам: туро гоҳе ба ситораи аз ҳама равшантарини осмон, гоҳе гули ҳамешабаҳори пурназокату сарсабз ташбеҳ месозам. Тӯӣ сари баланд, сарвати бебаҳо, ганҷи ноёб, насиҳатгар, маслиҳатдеҳ, қуввати тан, нури чашмон дар рӯзгори пур аз муаммоям.

Ҳастиат бароям дили пуру давлати калон аст. Ту ба  ҳамааш меарзӣ. Ҳатто аз муаллиму мактаб пештарӣ, зеро бузургӣ. Бузург будӣ, ки Темурланг дар зери қадамҳоят cap монд. Бузургиат аз шири сафеду овои аллаҳои ширинат оғоз гардида, фарзандонатро ба шарафмандӣ ҳидоят мекунад. Афсо-наҳои пурасрорат боли хаёлоти дурпарвозашонро устувор намуда, ононро ба орзуҳояшон мерасонанд. Муборизӣ. Қудрате дорӣ, ки ба як даст гаҳвора, ба дасти дигар дунёро такон диҳӣ. Ҳамаи кӯшишу ҷадалҳоят барои саодати фарзандону осудагии дунёст.

Модарҷон, дар рӯзгор новобаста аз соҳиби мақому фарди мустақил буданам, шавад, ки рӯзе туро набинам, чизи нодиртаринамро гум кардагӣ барин бо дили беқарор интизорат мешавам. Бо сад хаёл, ҳама ҷой: борҳо даруну беруни кошона, кунҷу канори ҳавлӣ, байни ҷӯякҳои боғу гулҳоро, ки дар ҳар қадамашон нақши дастонат ҳаст, меҷӯям. Ҳамин ки туро пайдо кардам, чашмонам равшан, меҳрат дар дил, то таскин ёфтанам, аз гунаҳоят мебӯсаму мебӯсам.

Модарҷон, медонӣ, шабзиндадориҳои дар сари тарбияи ҷигарбан-дони имрӯзҳо мекашидаатро пайхас намуда, бо фаросат дарк мекунам, ки албатта, то роҳравон шудану ба воя расиданам чунин азиятҳо кашидаӣ. Мумкин, аз дидагиҳоям дучанд зиёдтар азоб дида бошӣ. Бароят ин сиррест махфӣ, танҳо ту медонӣ...

Имрӯзҳо бисёр-бисёр сӯзу гудоз, оҳу воҳ ва беқарории туро дар сари болини фарзандони ранҷурат дида, имкони лаб ба сухан кушодан накарда, ангушти ҳайрат мегазам. Тасаввур мекунам, ки ҳама вақт, дар кадом вазъияте набошӣ, чорасози ҳоли фарзандони бечораат ҳастӣ. Месӯзӣ, ранҷ мебинӣ, азоб мекашӣ, гоҳе ҳастиатро дар гарав монда, доим аз Офаридгор тани сиҳати пайвандонатро хоҳиш мекунӣ. Сидқу вафоям ба ту боло гирифта, мехоҳам шарикат гашта, баробарат шабзиндадорӣ кунам. Вале чӣ чора созам, ки дар он дақиқаҳо сӯзиши қалби ту дигару аз ман дигар аст. Хаёл мекунам, дар бемордорӣ дасту пой хӯрда, гирудорам бемаънӣ метобад. Аммо барҳақ ҳаяҷону изтироби ту дар фурсатҳои бемордории фарзандонат табиӣ аст. Дар он соатҳо гумон мекунам, ки аз оҳат хушку тар баробар месӯзанд, хокистар мегарданд.

Хориҳоятро дар сари болини фарзандҳоят дида, мехоҳам гарди доманатро ба дидагонам бимолам, кафи поятро бибӯсам. Он чизе, ки мехоҳӣ, ҳатман пайдо кунам, то ки хотират болида гардад. Иҷрои ҳамаи хоҳишҳоят мумкин. Лекин тамоми амалҳои иҷрокардаам ба ранҷи кашидаи якшабаат баробар шуда наметавонад. Месазад, ки зери поят хок шавам, чунки ҷаннат дар қадамгоҳи туст.

Модарҷон, танҳо хоҳони онам, ки аз ман розӣ бошӣ. Розигии Шумо сари баланду кушоиши ҳамаи корҳоям дар зиндагӣ мебошад.

 

Кароматулло ҒАФУРОВ,

омӯзгори мактаби  №21, шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш