Нашрияи Омӯзгор

Шоири ҳунарманд

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Миробид Сайидои Насафӣ яке аз шоирони бузурги асри XVII маҳсуб меёбад ва бо мероси гаронбаҳояш дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми шоистаеро дарёфтааст. Шоир зодаи шаҳри Насаф буда, баъдан ба Бухоро омада, дар мадрасаҳои бонуфузи он шаҳр таҳсил кардааст.

Аз ашъори шоир пайдост, ки дар миёнасолӣ Сайидо барои таъмини мушкилоти хонаводагӣ, яъне рӯзгораш рӯ ба ҳунармандӣ овардааст:

Ҳарчанд ки дар айёми ҷавонӣ ба ҷуз таҳсили илм дигар ба коре даст назада, дар “оғӯши падар” зиста, зиндагии осуда дошт, танҳо дар хусуси эҷоди шеър андеша мекард ва худаш дар як ғазалаш ёдовар мегардад:

Ҷуз фикри шеър пешаи мо нест, Сайидо,

Моро ба даҳр мансаби дигар надодаанд.

Аммо зиндагӣ қонуну қоидаҳои хешро дорад ва ин хушбахтии шоир дер давом намеёбаду ӯ рӯй ба ҳунармандӣ меоварад, ки мерос аз падар буд. Падараш бофанда буд ва ӯ низ ба бофандагӣ машғул гашта, рӯзгорашро таъмин мекунад.Марбут ба ин мавзӯъ шоир мегӯяд:

Баҳри рӯзӣ мекунам бофандагӣ чун

анкабут,

Хона ҳамчун дорбоз аз ресмон бошад

маро.

Аммо зиндагиномаи ҳар шоирро метавон дар шеъру ғазалаш дарёфт. Аз эҷодиёти Сайидо Насафӣ пайдост, ки аз мактаби шеъри ӯ  суханварони зиёде сабақи эҷод омӯхтаанд. Бархе аз шуаро ба ӯ пайравӣ карда, чанде шеърашро тазмин намудаанд. Тазкирасарои ҳамон замон Малеҳои Самарқандӣ низ таъкид бар он мекунад.  “Матлаъе нест, ки дар мақтааш номи ӯ пайваст набошад, ғазале нест, ки ӯ мухаммас набаста бошад”.

Сайидо дар замоне мезист, ки зиддиятҳо барои тахту тоҷу сарварӣ миёни ҳокимони давр авҷ гирифта буд ва шоир наметавонист дар ин муҳит орому осуда зиндагӣ       кунад. Ин ҳама воқеаҳо ба эҷодиёту рӯзгораш таъсир мекард ва шоир дар шеърҳояш дарду ғами замонашро ифшо менамуд.

Мавзӯи ишқ ва иҷтимоъ меҳвари аслии ғазал аст, ки мо дар ғазалҳои Сайидои Насафӣ дучор мегардем. Дар як ғазали машҳури шоир аҳволи мушкили мардум дар он замон хеле дардолуд тасвир шудааст:

Фалак ба қомати пири хамида мемонад,

Ҷаҳон ба деҳаи тороҷдида мемонад.

Ниҳоли гул ба назар найзаест хунолуд,

Ба боғ сарв ба тири хазида мемонад.

Сайидои Насафӣ дар ғазалҳои ошиқонааш низ самимият ва муҳаббати беандоза дорад. Тасвири рамзи ошиқӣ, розу ниёз, сӯзу гудоз, дарду навмедӣ, нокомӣ ва сабурии ошиқ, лаззати висол дар ғазали ӯ мақоми хоса пайдо кардааст. Барои намуна, порае аз ғазалашро меоварем:

Шабе, ки хонаам аз рӯйи ёр гулшан буд,

Димоғи сӯхтаи ман чу шамъ равшан

буд.

Бар гирди ёр чу парвона рақс

мерафтам,

Миёни обу арақ шамъ то ба доман буд.

Ба гуфти шоир Низом Қосим, “Дилбари ормонии шоире чу Сайидо на танҳо қаламабрую хушхолухат,балки латифтабъу суханошно низ бошад, чунки, чи тавре худ гуфтааст, “ Ҳар кас ба мо нишаст, зи аҳли сухан шавад”.

Ғазалҳои Сайдои Насафиро чун хонанда мехонад, аз тарзи гуфтораш эҳсос мекунад, ки шоир ба касе тақлид накардааст, шеър аз худи ӯст, аз зоҳиру ботини гуфтаҳояш ҳувайдост, ки дар ин ғазал чӣ мақсад ва ҳадаф дорад ва шеър барояш натиҷаи заҳматҳои шаборӯзӣ мебошад:

Сайидо, фикри ман аз шабзиндадорӣ

шуд баланд,

Ҳаққи бисёр аст бо ман чашми бедори

маро.

 

Зулфия МИРЗОЕВА,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш