Нашрияи Омӯзгор

Маҳбуби бачаҳо

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 848        Шарҳ: 0

 

Акобир Шарифӣ аз зумраи адибони маҳбуби кӯдакону наврасони кишвари азизамон буд. Ин суханвари мумтоз 8-уми феврали соли 1928 дар деҳаи зебоманзари Вардуги ноҳияи Ғарм (Рашти имрӯза) таваллуд ёфтааст.

Баъдан, аҳли оилаи шоир ба водии зархези Вахш кӯч мебанданд. Ӯ яке аз аввалин хонандагоне маҳсуб меёфт, ки баъди хатми мактаби 7-солаи деҳаи Арали ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе рафт. Соли 1950 баъди бо дипломи аъло хатм намудани факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ)  дар нашрияҳои бачагонаи «Пионери Тоҷикистон», «Машъал», «Комсомоли Тоҷикистон» ба ҳайси ходими адабӣ ифои вазифа намудааст. Акобир Шарифӣ дар ташкил намудани телевизиони тоҷик низ саҳми калон гузоштааст. Дар ин ниҳоди муҳим чанде ба ҳайси муҳаррир, баъдан ҳамчун сармуҳаррири шуъбаи бачагону наврасони телевизион фаъолият бинмудааст. Ҳангоми сармуҳарририи ӯ шуъбаи мазкур муваффақиятҳои зиёд дошт, зеро аз ҷониби кормандон барномаҳои адабию фарҳангии ҷолибу диданӣ омода мегаштанд. Бояд қайд кард, ки мавсуф дар идораи Сарредаксияи илмии энсиклопедияи советии тоҷик низ ба унвони мудири шуъба кор кардааст.

Акобир Шарифӣ асосан шоири бачаҳо буд ва бештари асарҳояш ба онҳо бахшида шудааст. Ашъори барои кӯдакон  офаридааш  дар маҷмӯаҳои «Бойчечак» (1959) «Наргис ба мактаб меравад» (1963), «Амаки милиса» (1965), «Хари лофзан» (1975), «Аҳмади кайҳоннавард» (1967), «Бӯрёкӯбон» (1972) ва ғайра ба табъ расидаанд. Ҳикояи «Амаки милиса»-и ӯ яке аз ҳикояҳои беҳтарин барои кӯдакону наврасон ба  шумор меравад ва ба бисёр забонҳо тарҷума шудааст. Ҳамчунин, дигар асарҳои дилнишинаш дар маҷмӯаҳои «Туҳфа» (1973), «Бобои ман - ордендор», ки ба ҳаёти ҷангию меҳнатии яке аз поягузорони  сохти колхозӣ дар водии Вахши вилояти Хатлон Шоҳин Исмоилов бахшида шудааст, «Айёми хушбахтӣ» (1985) ва ғайра гирд оварда шудаанд. Мавсуф соли 1962 ҳамчун адиби навгӯю навпардоз ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Минбаъд А. Шарифӣ дар назму наср баробар қувваозмоӣ карда, маҷмӯаҳои шеъру ҳикояҳои «Тоҷикистони ман», «Кори имрӯзаро ба фардо нагузор»-ро (солҳои 1979-1980) меофарад. Баъзе аз ашъори ӯ ба забонҳои украинӣ, русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, гурҷӣ… тарҷума шудаанд.

Адиби шинохта дар баробари эҷоди асарҳо ба кори тарҷумонӣ низ машғул буд ва ин шуғлро то охири ҳаёти худ тарк накард. Китобҳои ашъори шоирони русу украин, аз қабили С. Маршак, К. Чуковский, А. Барто, Я. Аким, Ҷ. Родари, Д. Мамин - Сибиряк, С. Михалков ва бисёр адибони халқҳои бародарро ба тоҷикӣ тарҷума намуда, дастраси хонандагони хушзавқи тоҷик намудааст.

14-уми августи соли 2007 қалби пурэҳсоси адиби сермаҳсул Акобир Шарифӣ аз тапидан бозмонд. Ӯ барои дӯстдорони каломи бадеъ аз худ асарҳои хонданиву арзишманди зиёде ба ёдгор гузошт.

 

Шарифҷон Раҳимзода,

ноҳияи Абдураҳмон Ҷомӣ, узви ИЖТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш