Нашрияи Омӯзгор

Султони шаҳри тиб

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

-ғиёсиддин ҳам рӯзе қатори он мардони номдор ҷой мегирад,- гуфт акаи Маҳмадрасул.- Аз талошҳояш маълум аст. Дар пайроҳаи Шайхурраис қадам устувор гузоштааст. Соле, ки онҳо синфи даҳумро хатм намуданд, тибқи қарори Вазорати маориф довталабони навоҳии Раштонро дар шаҳраки ғарм ҷамъ карданд. Ҳамон ҷо имтиҳон гирифтанд. 170 нафар довталаб аз чаҳор ноҳия даъвои донишҷӯи Донишкадаи тиббиро доштанд. ғиёсиддин байни онҳо буд. Фақат як нафар аз фанни физика баҳои панҷ гирифт. Чанд рӯз марду зани ноҳия дар ин мавзӯъ гап мезаданд. ғиёсиддин ҳамроҳи як ҳамсинфаш ба хонаи апааш омад. Язнааш Хушмуҳаммад  Соқиев  баъди вохӯрӣ ҳикоя кард, ки як хонандаи интернати назди мактаби рақами як аз фанни физика баҳои панҷ гирифтааст. Ҳалолаш бод. Шумо ҳам мисли вай хонед. ғиёсиддин сукут варзид, лекин ҷӯрааш ҷуръат карда гуфт:

-Ҳамон бачаи интернатӣ назди шумо истодааст.

Амаки Хушмуҳаммад  бовар накард. Бовар накард, ки додарарӯси ӯ ин қадар саводи хуб дорад ва байни 170 нафар аз фанни физика танҳо вай баҳои панҷ мегирад.

Акаи Маҳмадрасул ҳикояашро ба охир расонд ва дубора таъкид кард, ки ғиёсиддин табиби ҷӯяндаву эҷодкор, заҳматкашу қобил  ва фарзанди асили миллат аст. Ба хотири хизмати содиқона ба халқ ба ҳама мушкилиҳо тоб меорад. Худо барораш диҳад....

***

“Хушмуҳаммад Соқиев дар тарбияи ман ҳиссаи чашмгир гузошт. 

Соле, ки барои идомаи таҳсил ба мактаб –интернати шаҳраки ғарм рафтам, язнаам Хушмуҳаммад раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия буд. Ӯ маро ба ҳузураш хонд ва гуфт, ки дар хонаи онҳо истиқомат кунам, розӣ нашудам. Гуфтам, ки дар хобгоҳи интернат ҳамроҳи дигар бачаҳо дарсҳоямро тайёр мекунам. Нахостам бори зиёдатӣ дар хонадонашон бошам. Зуд-зуд ба хабаргирӣ мерафтам. Акаи Хушмуҳаммад доим таъкид мекард, ки рӯзномаамро ҳамроҳам бурда баҳоҳои гирифтаамро ба вай нишон диҳам. Чун медид, ки таҳсилро бо баҳои хубу аъло идома медиҳам, қаноатмандона сарамро сила мекард ва мегуфт:”Нағз бихон, писарам. Агар нағз хонда мактабро хатм кунӣ, ба мактаби олӣ дохил мешавӣ, касб меомӯзӣ. Бачаи босаводро ҳама эҳтиром мекунанд.” Эҳсос мекардам, ки язнаам маро қатори фарзандонаш дӯст медорад. Баъд ӯро барои кор ба шаҳри Душанбе даъват карданд...

Ба Донишкадаи тиббӣ дохил шудам ва ба дидорбинӣ ба ҳавлиашон рафтам. Акаи Хушмуҳаммад сари дастархон ба ман нигаристу гуфт:

-Ту, бачам, ғиёсиддин, қатори писаронам назди мо калон шудӣ. Агар хоҳишат бошад, ба ҳавлии мо биё, ҳамин ҷо зиндагӣ кун. Шукр, барои ҳамаатон ҷо мерасад.

Посух нагуфтам. Бори дуввум буд, ки ӯ маро барои дар ҳавлии онҳо зиндагӣ кардан даъват мекард. Дилам мехост, ки наздашон бошам. Бовар доштам, ки ин ҷо мушкилие пеши роҳамро намегирад. Серу пур зиндагӣ мекунам, аммо... Тӯли солҳои таҳсил дар интернати шаҳраки ғарм ба мустақилона зиндагӣ кардан одат карда будам. Барои мо дар донишкада ҳам хобгоҳ ҷудо карданд ва тамоми шароит он ҷо фароҳам оварда шуда буд. Мехостам дар зиндагӣ мустақил бошам.

Акаи Хушмуҳаммад дигар чизе нагуфт. Шояд аз сукути ман маънӣ бардошта буд.

Соли 1968 донишкадаро хатм кардам. Вазорати тандурустӣ маро барои кор ба ноҳияи ғарм фиристоданӣ буд, аммо устоди меҳрубонам Ҳамид Мансуров иҷозат надод. Гуфт, ки “ту ҳамин ҷо мемонӣ ва ҳамроҳи ман дар пажӯҳишгоҳ кор мекунӣ. Ту бояд олим шавӣ ва ба халқи худ хизмат намоӣ. Илми муосири тиб ба олимони ҷавону боистеъдод ниёз дорад.” Барои маслиҳат назди акаи Хушмуҳаммад рафтам. Ба ҳарфам гӯш дод ва андешамандона ба чеҳраам нигариста гуфт:

“ғиёсиддинҷон, маълум мешавад, ки дар донишкада ҳам аъло хондаӣ. Олими машҳури кишвар ҳар касро ба шогирдӣ қабул намекунад. Гапи маро бигирӣ, ҳамроҳи устодат кор кун. Ба аспирантура дохил шав. Аз лиҳози моддӣ ман ёрӣ медиҳам. Туро гурусна намемонем. Аброриддин ҳам розӣ мешавад.”

Рӯзи ҳимояи номзадиам акаи Хушмуҳаммад ҳамроҳи амакам Ҷамолиддин ва чанд нафар дӯстонаш ба шаҳри Москва рафтанд.

Он солҳо одат шуда буд, ки ҳар касе рисолаи номзадиашро ҳимоя мекард, дастархон ороста зиёфат медод. Акаи Хушмуҳаммад аз Тоҷикистон меваву сабзавоти тару тоза бурда буд. Даме ки меҳмонон вориди тарабхона шуданд ва дастархони оростаро диданд, дар ҳайрат монданд.

Баъди ба Душанбе омаданам зуд-зуд ба дидорбиниаш мерафтам. Соли 2001 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудам. Дипломамро бурдаму ба ӯ нишон додам. Аз шунидани ин хабар дар чашмони пирамарди 85-сола, ки дар зиндагӣ сардиву гармиҳои зиёд дида буд, ашки шодӣ равон шуд. Падарона даст ба китфам гузошту гуфт:

“Пешгӯии сиюсе сол пеш гуфтаам рост баромад. Тамоми умр қатори фарзандонам будӣ ва ту низ фарзандвор ба ман хизмат кардӣ. Ман дуо мекунам, ки ҳамеша тансиҳату обрӯманд бошӣ. Акнун мардуми қаротегин ҳаққи бо номи ту ифтихор кардан доранд. Аз кибру ғурур парҳез кун, бачам. Тамъи оби деҳаатро ҳеҷ гоҳ аз даҳон набарор. Дили худро аз гарду ғубор пок ва рӯшан  нигаҳ дор. Магзор, ки торикӣ ҳокими қалбат шавад, зеро аз зулмати қалб адоват ба миён меояд. Ба касе кина магир ва ба донишманде ҳасад мабар, бахилӣ макун. Ба хидмат ва тоат биштоб. Миёнатро маҳкам бибанд ва хизматгори тамоми мардуми кишварат бош...” Ин андарзҳои падарона то имрӯз дар гӯшам манзил кардаанд.

Рӯзе, ки акаи Хушмуҳаммад бемори вазнин шуд, ман сари болинаш нишаста дасташро гирифтам ва набзашро санҷидам. Чашм кушод. Ба назарам намуд, ки табассуми пур аз меҳр дар гӯшаи лабаш пайдо шуд. Бо овози паст гуфт: “ғиёсиддин, омадӣ, бачам, акнун хотирам ҷамъ шуд.” Ҳамон шаб акаи Хушмуҳаммад дар 88-солагӣ аз олам гузашт. Солҳо мегузаранд. Умр ҳам шитоб дорад. Дар лавҳи хотирам акаи Хушмуҳаммад нақш бастааст ва гоҳе ба мушкилие рӯ ба рӯ шавам, андарзҳои ӯро ба ёд меорам. То ҳанӯз  ӯ дастгиру мададгори ман аст.”

Диловари Мирзо,

ноҳияи Рашт


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш