Нашрияи Омӯзгор

Машъалафрӯзи маориф

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 856        Шарҳ: 0

 

Агар ободию ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, солиму созанда ва дорои сатҳи маънавиёту маърифатнок будани аҳли ҷомеа ба зан-модар вобаста аст. Яке аз бонувони маърифатгустари тоҷик Баҳринисо Тоҳирова (1907-1994) мебошад, ки дар қарни 20 (солҳои 30-40) барои истеҳкоми пояҳои маорифи тоҷик ва рушди он саҳми худро гузоштааст.

Пас аз таъсиси Комиссариати маорифи халқи ҶМШС Тоҷикистон, соли 1924 як масъалаи муҳим ба таҳсил фаро гирифтани духтарони деҳот, буд, ки мушкилоти зиёд дошт. Падару модарон намегузоштанд, ки духтаронашон дар мактабҳои Шӯравӣ таҳсил кунанду соҳиби маълумот гарданд. Аммо таърих гувоҳ аст, ки гурӯҳ-гурӯҳ занону духтарони озодихоҳи маҳаллӣ чодару фаранҷиро партофта, барои илмомӯзӣ ба мактабҳои тарзи Шӯравӣ меомаданд. Ба Баҳринисо Тоҳирова аз тарафи Комиссариати маорифи халқи Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки дар шаҳри Душанбе барои духтарон ва занон омӯзишгоҳи омӯзгории занона ташкил намояд. 1-уми сентябри соли 1934 омӯзишгоҳи номбурда мувофиқи қарори Кумитаи иҷроияи марказии Тоҷикистон таъсис дода шуду Баҳринисо Тоҳирова аввалин роҳбари омӯзишгоҳ таъйин гардид.

Дар аввал 90 нафар духтар барои таҳсил қабул карда шуданд. Онҳо бо ҷиҳози хониш, либос ва асбобҳои хоҷагӣ таъмин буданд.

Низорамоҳ Зарифова, яке аз арбобони намоёни ҷумҳурӣ, дар хотираҳои худ қайд менамоянд: «Соли 1937 аз шаҳри Душанбе яке аз муаллимаҳои тоҷик Баҳринисо Тоҳирова барои ба хондан ҷалб намудани духтарони шаҳри Кӯлоб омаданд. Вақте ки Баҳринисо Тоҳирова бо духтарони мактаби мо вохӯрию суҳбат оростанд, диққати маро, пеш аз ҳама, шахси хоксор ва маорифпарвар будан ва нисбат ба духтарони деҳот меҳрубониашон ҷалб кард. Мо, як гурӯҳ духтарон, барои давом додани таҳсил дар омӯзишгоҳи шаҳри Сталинобод (Душанбе) на танҳо розӣ гаштем, ҳатто аз тақдир хеле хурсанд шудем. Ман, Тоҷинисо Азизова ва як гурӯҳ духтарони мактаб  моро соати 3-и саҳар ба мошини боркаш  савор карданд ва роҳи шаҳри Душанберо пеш гирифтем, то ин ки саҳар мабодо волидон аз фикрашон гарданд. Дар омӯзишгоҳи мо намояндагони халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил мекарданд…

Баҳринисо Тоҳирова шогирдони худро дар рӯҳияи одаму одамгарӣ, одобу ахлоқи баланд доштан, гум накардани иффати занона, ҳифзи арзишҳои миллиамон тарбия менамуданд. Духтаронро ба баҳсу мунозираҳои шавқовар ҷалб сохта, дар қалби ҳар як кадоми мо заминаҳои асосии омӯзгориро бедор мекарданд».

Солҳои 1938-1940 омӯзишгоҳи занонаи шаҳри Душанбе маркази асосии тайёр кардани омӯзгорони ҶШС Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва барои мактабҳои ибтидоӣ муаллимон тайёр мекард. Аз байни хатмкардагони омӯзишгоҳ Низорамоҳ Зарифова, Ҳабиба Ғафурова, Розия Ҳайдарова, Ашӯра Носирова, Лутфӣ Зоҳидова, Салтанат Турсунова, Фотима Куинова… ба воя расида, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурии азизамон саҳми назаррас гузоштанд.

Ҳаёт, фаъолият ва роҳи дар зиндагӣ тайкардаи Баҳринисо Тоҳирова далели барҷастаи хизмат ба халқ, ба Ватан-Тоҷикистони азиз мебошад.

Гулбаҳор АЛИМАРДОНОВА,

омӯзгори забони англисӣ,

Бахтовар Темирзода,

корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш