Нашрияи Омӯзгор

Обутоби  бадан муҷиби саломатист

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Варзиш гарави саломатӣ буда, шахси ба он машғулшуда ҳама вақт ҷавону солим ва бардам мемонад. Инчунин, варзишро роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ низ меноманд. Чи тавре бузургон гуфтаанд, ”Ақли солим дар бадани солим аст”.

Имрӯзҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон чи қадар майдончаҳои варзишӣ, толорҳои варзишӣ ва дигар маҷмааҳою клубҳои варзишӣ сохта ба истифода дода истодаанд. Мо, омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ, шод аз онем, ки варзишгарони мо аз ҳама ҷониб дастгирӣ меёбанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки аз фурсати муносиб истифода бурда, барои насли наврас саломатӣ, зебоӣ ва доноиро бо ҳар навъи варзиш пешкаш намоем. Мо фахр аз он мекунем, ки насли наврс маданияти хуб ва ахлоқи ҳамидаро дороянд, ки ин ҳам бо шарофати варзиш аст, ки имрӯзҳо ҳар як наврас ва ҷавон фориғ аз дарсҳо ҳатман ба варзиш машғул мешаванд. Ин ба саломатӣ ва обутоби  баданашон  муфид мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзҳои варзишӣ эълон шудааст, ки коргарони тамоми сохторҳо ба машқҳои пагоҳирӯзӣ ҷалб карда мешаванд. Ин амал барои солимгардонии ҷомеа нақши муҳим мебозад. Мо, омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ, низ ҳар  ҳафта хонандагонро дар майдончаи варзишии муассиса ва майдончаи назди муассисаамон даъват намуда, машқҳои пагоҳирӯзӣ, аз қабили: бозиҳои, футбол, волейбол ва баскетбол ба хотири солимгардонии насли наврас ташкил мекунем. Новбаста аз шароити боду ҳаво хонандагон бо шавқу ҳаваси баланд ба тарафи майдончаҳои варзишӣ ҳаракат мекунанд. Ба ғайр аз ин, дар аксари муассисаҳо маҳфилҳои варзишӣ, аз қабили “Шоҳмот”, ”Футбол”, ”Волейбол” (писаронаю духтарона) ва “Баскетбол” амал мекунанд. Ин ҳама барои солимии насли наврас нақши муҳим дорад. Аз ҳама ҳайратовараш ин аст, ки ҷаҳонро бе тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тасаввур кардан номумкин аст. Чуноне ки таҷрибаҳо нишон додаанд, ҳар он шахсе, ки аз тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дур шудааст, ҳатман ба ягон беморӣ дучор гардидааст.

 

Раҳматулло КАРИМОВ,

омӯзгори литсейи

инноватсионии “Душанбе”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш