Нашрияи Омӯзгор

Таъмини ғизои мактабӣ дар мадди назар аст 

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

«Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри  соли 2017, №456 тасдиқ шудааст. Нақшаи чорабиниҳои стратегияи мазкур аз бисту панҷ банд иборат мебошад.

Аз ин шумораи бандҳо  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои ду банд иҷрокунандаи асосӣ ва дар иҷрои ҳашт банд ҳамиҷрокунанда муайян шудааст. Инчунин, намояндаи Вазорати маориф ва илм дар Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар гурӯҳи корӣ фаъолият менамояд.   

Моҳи апрели соли 2018 нақшаи амал оид ба татбиқи лоиҳаҳои таҷрибавии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шудааст ва дар доираи ҳуҷҷатҳои мазкур                                                                                                                                           вазоратҳои дахлдор амал менамоянд.

Дар нимсолаи якуми соли 2019, БҒМ 52 ноҳияро дар бар гирифта, шумораи умумии баҳрабардорон 410,513 нафарро ташкил менамояд, аз ҷумла 404,586 хонандаи синфҳои ибтидоӣ ва 5,927 нафар корманди техникии мактабҳо мебошанд.

Кумаки БОҶ СММ аз 4 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ  иборат мебошад: орди гандумии ғаникардашуда, равғани растанӣ, лӯбиёгӣ / нахӯд ва намаки йоднокшуда. Дар давраи соли 2018, ҳаҷми умумии хӯрокаи расонидашуда 7100 тоннаро ташкил намуд. Арзиши умумии солонаи он ба 7,7 млн доллари ИМА баробар аст.

Ғизонокии хӯроки расонидашуда ба сари ҳар як кӯдак 460 ккал-ро ташкил намуда, арзиши он ба 21,5 доллари ИМА дар як сол баробар мебошад.

Дар ҳамкорӣ  бо шарики техникии худ, яъне Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Россия (СИФИ), инчунин, дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ва Вазорати маориф ва илм, 50 мактаби пилотӣ  аз 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ  (35 мактаб дар вилояти Хатлон, 15 мактаб дар Водии Рашту ш.Роғун) барои таъмири ошхона, таъмини таҷҳизоти хӯрокпазӣ ва ҷиҳози ошхона интихоб гардиданд.

Тибқи машваратҳои пешакӣ, БОҶ СММ ба мактабҳои пилотии зикргардида таҷҳизоти сохтмониро  дар ҳаҷми 1,904,750 сомонӣ  таъмин намуда, корҳои таъмирӣ  мебоист аз ҷониби мактаб ва бо дастгирии ҳукуматҳои маҳаллӣ  сурат мегирифт. То охири июни соли 2019 дар тамоми мактабҳои пилотӣ  корҳои таъмирӣ  ба анҷом расиданд.

Таҷҳизоту абзори хӯрокпазӣ дар тамоми 50 мактаби пилотӣ  аллакай дастрас шудаанд. Ин таҷҳизот дар мактабҳое, ки таъмирашон ба анҷом расидааст, аллакай мавриди истифода қарор доранд.

Ҷиҳози ошхона ба тамоми мактабҳои пилотӣ  дастрас карда шудаанд ва дар айни ҳол мавриди истифода қарор доранд.

Шӯроҳои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ  оид ба ғизои мактабӣ  дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо як шӯрои сатҳи вилоятӣ  дар Хатлон, 24 шӯро дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон, 5 шӯро дар водии Рашт ва 1 шӯро дар Роғун таъсис додааст.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш