Кормандони муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ” метавонанд баҳри дуруст ва бошуурона интихоб намудани касб ҷавононро ҳидояту роҳнамоӣ намоянд.
Ҳар касбу ҳунар ва пеша бояд дуруст ва бошуурона интихоб карда шавад. Кормандони Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ бо ёрии тест - машваратҳои равонӣ дар муайян намудани майлу рағбати хонанда ба касбу ҳунарҳои гуногун ҷиҳати интихоби бошууронаи касби хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ёрмандӣ мерасонанд. Барои мисол агар хонанда ба соҳаи иқтисодӣ шавқу ҳавас дошта бошад, муассисаи мазкур ба ӯ дар интихоби як қатор касбҳое, ки ба ҳамин соҳа тааллуқ доранд ва ба бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошанд, ёрӣ мерасонад. Дуруст роҳнамоӣ намудани хонандагони синфҳои болоӣ барои рушди давлату ҷомеа мусоидат мекунад.
Айни ҳол хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро иқдоми муҳим – интихоби касб дар пеш аст. Кормандони марказ пайваста дар муассисаҳои таълимии шаҳр ва ноҳияҳо аз тариқи пурсишномаҳо ва семинару машваратҳо ҷиҳати интихоби бошууронаи касб бо хонандагон чорабиниҳо мегузаронанд.
Муайян намудани майлу рағбат ва қобилиятҳои инсон ба ин ё он намуди фаъолият бояд аз овони хурдсолӣ сурат гирад. Зеро касбинтихобкунӣ дар айёми наврасӣ қадами устувор баҳри расидан ба ҳадафҳои олӣ мебошад. Раванди касбинтихобкунии наврасон аз волидону омӯзгорон низ вобастагии амиқ дорад. Онҳо мебояд аз хурдӣ шавқу ҳаваси кӯдакро ба назар гирифта, қобилияту истеъдоди ӯро муайян намоянд.
Бинобар ин, хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ метавонанд, ба Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ муроҷиат намоянд ва аз машварати кормандони ин марказ барои интихоби касб истифода баранд.
Зебунисо Обидова,
сармутахассиси шуъбаи машварати касбӣ ва интихоби касб,
Шоистаи Набизод,
мутахассиси шуъбаи машварати касбӣ ва интихоби касб
Иловакунӣ
Иловакунии фикр