Нашрияи Омӯзгор

Сатрҳо аз номаҳо

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Чаро барои  хондани  китоб  меъёр  ҷорӣ накунем? Чаро ба корҳои муҳим нафаронеро ҷалб мекунем, ки на танҳо мактуб, балки аризаро навишта наметавонанд? Агар аз онҳо бипурсем, ки охирон китоберо хондаӣ ва чӣ ном дораду муаллифаш кист, посухи мусбат намегирем.  Мегӯянд, ки интернет мавқеи китобро танг кардааст. Ин андеша хатост. Китоб ҳеҷ гоҳ ҷойи худро аз даст надодаасту намедиҳад. Ба даст гирифтану варақ задани он ҳаловати махсус дорад. Инро касе дарк мекунаду мефаҳмад, ки пайваста дилбас-таи китоб аст.

Фарзона Яҳёева,

омӯзгор,

шаҳри Истаравшан  

 

Таълими фанни санъати тасвирӣ дар синфҳои ибтидоӣ хусусияти амалӣ дошта, аз талабагон маҳорати тасвир намудан, сохтан, бурида часпондан, ороиш додан, бамаврид истифода бурдани асбобҳо ва риояи қоидаҳои бехатариро талаб менамояд.

Санъати тасвирӣ ҳамчун дарси зебопарастӣ, меҳнатдӯстӣ ва озодакориро ба хонандагон омӯзонида, зебоиро ба онҳо ёд медиҳад, онҳоро ба нозукиҳои эҷодкорӣ ҳидоят намуда, меҳри бачагонро нисбат ба касбомӯзиву касбинтихобкунӣ бедор менамояд. 

Ҷамолиддин Норхоҷаев,

омӯзгор,   ноҳияи Рӯдакӣ

 

Асри 21 асри илму техника буда, бе ҷаҳонишавии баъзе унсурҳои  ҷомеа рушди ҷомеа аз имкон берун аст. Аммо баъзе аз унсурҳои иҷтимоию фарҳангие мавҷуд ҳастанд, ки танҳо хоси як халқу миллат буда, қабули онҳо аз ҷониби дигар халқияту миллатҳо боиси нооромии ҷомеаҳо мешаванд. Чи тавре ки имрӯз аз мушоҳидаҳо  бармеояд, чунин ҳолати хатарафзо дар анъанаҳои мардум ва пӯшидани сару либосҳои миллӣ ба чашм мерасад.

Фарзонаи Ҷамшед,

ходими калони илмии ПРМ 

ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ

                                                     

Дар ҷумҳурии  мо як қатор қонунҳо қабул карда шудаанд, ки онҳо роҳро ба сӯйи инкишофи муносибатҳои озодонаи шаҳрвандон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мекушоянд. Қонунгузории Тоҷикистон дар ҷомеаи мутамаддини муосир ҳамчун василаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои  ҳаёти ҷомеа  нақш ва мавқеи бебаҳс дорад. Инкишофу пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои  ҷамъиятӣ имконпазир аст.  

Садбарг Давлатова,

магистрант

 

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро нооромиву ошуфтагиҳои сиёсиву иҷтимоӣ таҳдид карда истодааст. Шахсони дорои андешаҳои ифротӣ дар пайи ба кӯрароҳи  раҳгумиҳо афкандани мардумони сайёра афтодаанд. Имрӯз андешаҳои носолим ва вогири онҳо марзҳоро убур карда истодааст. Пас, моро мебояд ҳамеша ҳушёру зирак ва дар ҳифзи фарҳангу анъанаҳои миллии кишвари хеш бошем. Пеш аз ҳама, мебояд лаҳзае аз хотир набурд, ки хиёнат ба арзишҳои ватанпарастӣ бахшиданӣ нест ва ин кори зишт аз назари  мардум ҳаргиз пинҳон нахоҳад монд.

Шамшоди Ҷамшед,

докторант

 

Сарчашмаи асосии экстремизми ҷавонон дар Россия, пеш аз ҳама, аз буҳрони сиёсӣ – ҷамъиятӣ, системаи идоракунии иқтисод, норасоии маданияти хоса ва фарҳанги гуманистӣ, ҷой надоштани ҷиҳатҳои алтернативӣ ва тарбия дар мактаб ва дар оила маншаъ мегирад. Ин ба мо имкон медиҳад, он ҳама проблемаҳое, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мешавем,    махсусан, кор бо ҷавонон муносибати дуруст бо ҳамсолон ва оила, сохтани муҳити солимро пеш гирем. Дар ин радиф мавқеи асосиро шахсият ва доштани фикри муайян мегирад.  

Рамазон Шарифзода,

омӯзгор,   шаҳри Душанбе

 

Афзудани дониш касро пурдону пурмаърифат, кордону нуктафаҳм мегардонад. Хираду дониш барои инсони бомаърифат ҳамчун ғизо неру мебахшад. Шахсе, ки дорои хираду дониши бузург нест, ӯро ҳамчун шахсияти аз ғизо дурмонда меҳисобанд.  Донишомӯзӣ аз ҷумлаи рисолати бузурги инсонист. Касе, ки  ин рисолатро ба ҷо намеорад, дар шумори одамиён буда наметавонад ва бевосита дар таънаву маломати атрофиён мемонад. Аммо шахсияти донишмандро ҳама эътироф ва эҳтиром мекунанд.

Дилбар Ғафурова,

омӯзгори коллеҷи тиббии

ноҳияи Б. Ғафуров

 

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш