Тозагии муҳити атроф ба дараҷаи ба қисмҳои табиат (об, хок ва ҳаво) дохил шудани ду гурӯҳи моддаҳо - пӯсидани моддаҳои органикӣ ва партовҳои хоҷагии манзилу истеҳсолот вобаста мебошад. Гурӯҳи моддаҳои органикӣ дар натиҷаи вайроншавӣ ба уқёнусу баҳрҳо, дарёҳо, обанбору кӯлҳо дохил мешаванд ва ҳамчун гардиши биологӣ ба муҳити атроф чандон таъсири манфӣ намерасонанд.
Барои он ки худи табиат онро безарар мегардонад. Аммо партовҳои истеҳсолӣ ва хоҷагии манзил аз вайроншавӣ ва пӯсиши моддаҳои органикӣ фарқи калон доранд. Агар партовҳои истеҳсолот ва хоҷагии манзил дар таркиби об, хок ва ҳаво ба миқдори зиёд ҷамъ шаванд, ба организми зинда хавфи зиёд доранд ва сабаби кам шудани ҳайвонот ва рустаниҳо низ мегарданд. Дар натиҷа вазъияти экологии маҳал ноустувор гашта, табиати маҳал ранги худро дигар мекунад. Нест шудани рустаниҳо боиси сустшавии хок ва бодлес шудани замин мегардад. Мавҷудияти онҳо ба табиат ҳусну тароват мебахшад. Агар мову шумо ба мавзеъҳое, ки ҷангалзори арчаву дарахтони зиёд доранд, равем, мушоҳида менамоем, ки чӣ қадар инсонро болидахотир месозанд. Беҳуда нест, ки муассисаҳои муолиҷавӣ ва истироҳатӣ дар мавзеъҳои сердарахт бино карда мешаванд. Аз ин бармеояд, ки табиат инсонро муолиҷа менамояд. Аз ин рӯ, инсониятро зарур аст, ки муносибати хуб дошта бошад нисбат ба табиат, зеро ифлосшавии табиат натанҳо ба саломатӣ, балки ба иқтисодиёт низ зарари калон мерасонад. Инсоният аз табиат миллиардҳо тонна ашёи хомро аз худ мекунад ва 98-99%-и онро ба сифати партов ба муҳити атроф мепартояд. Ҳамагӣ 1-2%-и онро истифода мебараду халос. Партовҳоро ба заминҳои кишт, назди дарёҳо, заминҳои чарогоҳ мепартоянд ва моддаҳои заҳрноки онҳо ба воситаи обу алафҳо ба дохили организмҳо ворид мешаванд. Масалан, ҳангоми аз хок ғизо гирифтани рустанӣ моддаҳои заҳрноки партовҳои дар таркиби хок буда, ба дохили рустанӣ ворид мешаванд ва ҳангоми аз онҳо истифода кардани ҳайвонот гӯшту ширашон заҳролуд мешавад. Чун инсон ин гуна гӯшту ширро истеъмол менамояд, барои саломатиаш зарари калон дорад.
Агар ин ҳодиса ҳамин тавр давом кунад, дар он сурат ҳаёти олами органикӣ дар зери хавф мемонад. Роҳҳои безарар гардонидани он дар шаҳрҳои калони саноатӣ чунин аст: моддаҳои ғизоӣ ва партовҳои саноатиро ба воситаи қубурҳо ба ҳавзҳои махсуси такшонкунанда мебаранд ва онро такшон намуда, моддаҳои органикиашро (ба монанди фосфор, калий, нитроген) мегиранд ва онро безарар гардонида, ҳамчун нурии органикӣ дар хоҷагии қишлоқ истифода мебаранд. Ин роҳҳои тоза кардани партов дар охирҳои асри 19 дар давлатҳои Аврупо вуҷуд дошт. Масалан, мувофиқи маълумоти Бонки умумиҷаҳонӣ, агар обҳои партови Ҳиндустон пурра тоза карда истифода шаванд, ҳар сол ба замин 82000 тонна азот ва 24000 тонна фосфор дохил мегардад. Дар ИМА 15000 (1985) ҳавзаҳои партовтозакунанда ҳар рӯз 26 миллиард галлон об тоза мегардад. Давлатҳои пешрафта мекӯшанд, ки аз коркардҳои экологӣ ҳам иқтисодиёт даромад ба даст орад ва ҳам муҳити атроф аз ҳама гуна моддаҳо ва ашёи зиёновар тоза гардад.
Маҳмадризо ГУЛОВ,
омӯзгори биологияи
мактаби №30-и деҳаи Марғеби ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр