Дар бисёр мамлакатҳои Шарқ истеъмоли табобатии растаниҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Ба вижа, дар дар Хитой унсурҳои хуштаъмкунандаро бо сабзавот ҳамчун маводи шифоӣ истифода мекарданд ва то имрӯз ҳам истеъмоли растаниҳои шифобахш васеъ ба роҳ монда шудааст.
Ниёкони хирадманди мо низ истифодаи рустаниҳои шифобахшро тавсия додаанд, зеро истеъмоли гиёҳҳои шифобахш ҷисми инсонро қуввату неру бахшида, дарди ӯро табобат мекунанд.
Ман, ҳамчун омӯзгори химия пайваста мақолаву асарҳоеро, ки дар бораи хусусиятҳои табобатӣ ва кимиёвӣ доштани растаниҳои атрӣ (эфирӣ) ба нашр мерасанд, дастрас намуда, мехонам ва дар дарсҳои иловагӣ ба шогирдонам мефаҳмонам, то аз истифодаи хусусиёти растаниҳои шифобахш огоҳӣ ёбанд.
Сайёҳи машҳури олам Марко Поло соли 1928 дар асари худ нисбат ба растаниву сабзавоти хушбӯй, ки то он замон дар Аврупо машҳур набуданд (аз қабили кунҷит, равғани кунҷит, занҷабил, дорчин, қаламфур, чормағз ва мурчи сиёҳ), маълумот додааст. Мувофиқи маълумоти сайёҳону олимони соҳа, мурчи сиёҳро аз Ҳиндустон сарбозони Искандари Мақдунӣ ба ҷойҳои дигар паҳн намудаанд. Мувофиқи маълумоти таърихӣ, қисми зиёди маҳсулоти ғизоии растаниро (аз ҷумла, нахӯд, наск, лӯбиё, анис, хардал, зира, кӯкнор, шалғам, ҷаъфарӣ) ба Аврупо аз Шарқ интиқол додаанд.
Дар олам зиёда аз се ҳазор растание парвариш меёбанд, ки дар таркибашон равғани атрӣ, яъне хушбӯй доранд. Дар Тоҷикистон қариб сад намуди онҳо мавҷуд буда, дар истеҳсолат кор фармуда мешаванд. Баъзе аз онҳоро кишт мекунанд, ки намунаашон анҷибар, анис, геран, пӯдина, бодиён, райҳон ва лиму мебошанд, ки истеҳсоли равғани хушбӯяшон барои омода кардани маводи косметикӣ истифода мегардад. Таркиби равғанҳои атрӣ аз спиртҳо, фенолҳо ва лактонҳо иборат аст.
Равғанҳои атрӣ маҳлули равшану беранг ё зардранг, аксар тираи бӯрранг (равғани дорчин), сурх (равғани карвиё) сабзрангу кабудранг буда, бӯйи хуши атрӣ доранд. Равғанҳои атрӣ дар об ҳал намешаванд, аммо дар спирт, равған ва вазелин зуд ҳал шуда, бӯйи хушашон ба димоғ мерасад.
Равғанҳои атрӣ аз лиҳози оптикӣ фаъоланд ва реаксияашон андаке турш аст. Равғанҳои атриро тавассути полоиш бо буғи об истеҳсол мекунанд. Ҳангоми хунук кардани равғанҳои атрӣ баъзе ҳиссаҳои он кристаллизатсия мешаванд.
Миқдори зиёди равғанҳои атрӣ бештар дар таркиби ҳазорбарг, наъно, мармарак, эвкалипт, карвиё, анҷибар ва лиму дида мешавад.
Аз таркиби равғанҳои эфирӣ, бештар аз ҳазор мавод ҷудо карда шудааст, ки онҳо аз ангиштҳо, спиртҳо, кетонҳо, кислотаҳо, лактонҳо ва маводи хушбӯӣ иборатанд ва барои омода кардани атриёт истифода мешаванд.
Мавзуна САИДОВА,
омӯзгори химия
Иловакунӣ
Иловакунии фикр