Нашрияи Омӯзгор

Ҳашароти зараррасон

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 841        Шарҳ: 0

 

Тоҷикистон вобаста ба мухталиф будани шароити экологиаш аз ҳашарот бой аст. Дар Тоҷикистон тақрибан 15 ҳазор намуди ҳашарот мавҷуд буда, онҳо ба гурӯҳҳои мухталиф мансубанд.

Ба синфи ҳашарот инҳо дохил мешаванд гамбуск, магас, шапалак, замбӯри асал, мӯрча ва ғайраҳо. Муҳити зисти аксарияти ҳашарот рӯи замину ҳаво аст. Ҳашароте низ вуҷуд доранд,ки дар об зиндагӣ мекунанд: обченкунак, гамбуски шинокунанда ва гамбуски обдӯст. Ҳашароте низ маълуманд: кайк, шабушк, шабзод.

Ҳашаротро дар ҳама ҷо дидан мумкин аст - дар саҳро, дар ҷангал, дар боғ, дар полез, дар оғилхонаҳо ва дар ҷои истиқомати инсон. Бисёр намуди ҳашарот дар хок ва дар об зиндагӣ мекунанд. Агар ин ҳашаротро ба ҳамдигар муқоиса кунем, мебинем, ки бадани онҳо аз сар, сина ва шикам иборат аст. Дар сар як ҷуфт чашмони мураккаб, як ҷуфт мӯйлабча ва даҳон доранд. Ҳар як чашми мураккаб аз ҳазорҳо чашмакҳои одӣ иборат аст. Баъзе ҳашарот, масалан, занбӯри асал ба ҷуз чашмҳои мураккаб чашмчаҳои сода низ дорад. Ҳашарот тавассути мӯйлаб бӯйро фарқ мекунанд. Мӯйлаб, инчунин, вазифаи ломисаро иҷро мекунад. Дар синаи ҳашарот се ҷуфт пой ва дар бисёрашон ду ҷуфт бол вуҷуд дорад. Сохти ҳашарот ба тарзи ҳаётгузаронӣ ва шароити муҳити сукунаташон вобаста аст. Масалан, малах дар алафзор зиндагӣ карда, пои қафояш ҷаҳанда, гамбуски саргинғелон пои пеши кобанда, гамбуски шинокун пои ақиби шинокунанда дорад. Боли ҳашарот як ё ду ҷуфт аст. Ҳашарот дар ҷӯстуҷӯи хӯрок ба масофаи дур парвоз мекунанд. Масалан, пашшаи хонагӣ хеле тез парвоз карда, дар вақти парвоз худро моҳирона ба ҳар тараф партофта метавонад.

Рафтори ҳашарот хеле мураккаб аст. Масалан, занбӯри асал дар байни занбӯрҳо рафтори аз ҳама аҷиб дорад. Инсон занбӯри асалро барои гирфтани асал, мум ва заҳри занбӯри асал аз давраҳои хеле қадим парвариш мекунад. Оилаи занбӯри асал аз занбӯри корӣ, нарзанбӯр ва модина иборат аст. Занбӯрҳои асал ба якдигар ахбор медиҳанд. Масалан, агар растаниҳои сершаҳдро ёбанд, ба қуттии худ баргашта, шикамашонро ҷунбонда дар хоначаҳои пеши қуттӣ чарх мезананд. Чунон менамояд, ки онҳо мерақсанд. Аз рақси ин занбӯрҳо дигар занбӯрон роҳ ва масофаро ба сӯи растаниҳои сершаҳд муайян мекунанд. Ҳамчунин, боз ба онҳо бӯи он гулҳоеро меоваранд,ки аз онҳо худ чанде пеш шаҳд ва гарди гул ҷамъ карда буданд. Занбӯрон баъд аз он барои хӯрок ба сӯи растаниҳои занбӯрони хабаровар нишондода парвоз мекунанд.

Мӯрчаҳо шабона роҳи даромади мӯрчахонаро маҳкам мекунанд, хӯроки намнокро ба берун мебароранд, пас аз хушк шудан онро боз ба мӯрчахона мекашонанд. Гамбуски саргинғелонро дар давраҳои пеш гамбуски муқаддас меномиданд. Саргини ҳайвонҳои ширмакро ҳамчун хӯрок барои кирминаҳояшон курашакл карда, дар он тухм мемонданд. Кирминаҳо аз тухм баромада, аз он ғизо мегиранд.

 Дар буттаю дарахтони мевагии боғҳо аз ҳама зиёд ҳашароти зерин вомехӯранд: ширинча, гулхӯраки себ ва шапалаки кирми себ. Ширинча шираи барг ва навдаҳои ҷавони дарахтони себ, шафтолу, олу ва дигар дарахтони мевадорро мемакад. Ширинча дар фасли бахор аз тухмҳои бордоршудаи тирамоҳ гузошташуда пайдо мешавад. Шумораи ширинчаҳо хеле зиёд аст, чунки онҳо баҳорон ва тобистон даҳҳо маротиба насл медиҳанд.

Шапалаки кирми себ, дар ҳама ҷо паҳн шудааст. Кирмаки ӯ дар себ инкишоф меёбад. Кирмак дар пиллаи ғафс, дар зери пӯстлохи дарахтони нисбатан пир зимистонро аз сар мегузаронад. Баҳор зоча мекунад. Шапалакҳояш пас аз гул кардани себ пайдо мешаванд.

Дар Тоҷикистон ба ҷангал ҳашароти зиёде зарар мерасонанд: Гамбуски тӯронӣ, гамбуски холдор, гамбуски июнӣ, гамбуски бориктанаи писта, гамбуски мӯйлабдарози шаҳрӣ, гамбуски хартумчадори себ, гамбуски пӯстлоххӯр, шапалаки дӯлона ва ғайраҳо.

Дар замони муосир миқдори зиёди корхонаҳои махсуси муҳофизати растанӣ ташкил карда шудаанд. Дар ин корхонаҳо усулҳои мухталифи кам кардани миқдори ҳашароти зараррасон таҳия мешавад. Дар байни ин усулҳо аз ҳама одитаринаш усули механикист: маҷақ кардани тухмҳои шабпараки карамхӯр, нест кардани малах тавассути кандани ҷӯйҳо, тавассути буридан нест кардани навдаҳое, ки дар онҳо кирмаки шапалаки халқаноки кӯҳӣ пайдо шудааст ва ғайраҳо.

Дар мубориза ба муқобили ҳашарот усули аз ҳама муҳим усули агротехникӣ аст - кишти барвақтии зироат. Агар шумораи ҳашароти зараррасон аз ҳад зиёд бошад, усули муборизаи кимёвиро истифода мебаранд. Заҳрҳои кимиёвиро дар шакли чанг ё маҳлули обӣ тавассути асбобҳои махсус мепошанд. Муборизаи кимиёвиро хеле эҳтиёткорона гузаронидан лозим аст, ки одамон ҳашароти фоидарасон, парандагон ва дигар организмҳои зинда талаф наёбанд. Мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасон ҳамон вақт натиҷаи хуб медиҳад, ки агар аз ҳамаи усулҳои мубориза - механикӣ, агротехникӣ, кимёвӣ ва биологӣ ба таври омехта ва оқилона истифода бурда шавад.

Маҳбуба САОДАТҚАДАМОВА,

омӯзгори биологияи мактаби №35-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш